Футболбози маъруфи португалӣ Криштиану Роналду ба хабари вафоти ҳамлагари “Ливерпул” ва мунтахаби Португалия Диогу Жота ва бародараш — бозигари дастаи португалии “Пенафиел” Андре Силва муносибат нишон дод. Футболбозон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Испания фавтиданд. Жота 28-сола ва Силва 25-сола буданд.
Криштиану Роналду дар шабакаҳои иҷтимоии худ чунин навишт:
“Ин боваркарданӣ нест… Чанд рӯз пеш мо якҷо дар ҳайати мунтахаб будем, шумо нав хонадор шуда будед… Ба хонаводаатон, ба ҳамсаронатон ва фарзандонатон тасаллият баён мекунам, барояшон қувват орзумандам. Медонам, ки шумо ҳамеша бо онҳо хоҳед буд. Ором хоб кунед, Диогу ва Андре. Мо ҳама шуморо пазмон мешавем.”
Ёдовар мешавем, ки пас аз марги нобаҳангоми Жота ҳоло ҳама мухлисони футбол аз хотираи неки ӯ ёдовар шуда, изҳори тасаллӣ баён мекунанд.
