Ovozi.uz

Кодекси нави оби Ӯзбекистон чиро тағйир медиҳад?

Навгонӣ дар қонунгузорӣ

Рӯзи 30‑юми июли соли равон Кодекси нави оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ шуда буд. Ҳуҷҷати нав аз пешинааш чӣ фарқ дорад, тағйиротҳои дохилкарда ба чӣ равона карда шудаанд?


Маълум аст, ки аз рӯи маълумоти Институти захира (ре­сурс)-ҳои дунё (WRI) мамлакати мо дар рӯйхати мамлакатҳое, ки стресси баланди обро доранд, дар ҷои 25‑ум мебошад. Ин нишон медиҳад, ки мо норасоии ҷиддии обро ҳис мекунем ва чунин баҳоро ҳанӯз дар соли 2019 дода буданд ва аз ҳамон вақт инҷониб вазъият бо захираҳои об дар минтақа вазнинтар мешавад.


Ӯзбекистон дар масъалаи захираҳои об аз ҳамсояҳо вобаста аст: беш аз 80 дарсади об ба мо аз мамлакатҳои ҳамсоя меояд ва қувваи моро дар назди тағйироти иқлим ва муаммоҳои шартномаҳои минтақавӣ суст мекунад. Пешбинӣ мегардад, ки дар соли 2040 ҷумҳурии мо яке аз 33 мамлакат мешавад, ки аз норасоии об бештар азият мебинанд. Ҳанӯз дар соли 2023 ҳаҷми об дар мамлакат ба ҳар сари одам дар муқоиса бо соли 2008 ба 48 дарсад кам шуд.


Агар дар бораи сабабҳои асосии норасоии об ҳарф занем, дар байни онҳо, аввало, тағйироти иқлимро бояд номбар кард. Гармшавии глобалӣ ва тағйироти шароитҳои иқлимӣ захираи пиряхҳоро, ки дарёҳои Осиёи Миёнаро сероб мегардонанд, кам мекунанд. Дар ҷои дуюм таъсири антропогенӣ қарор дорад. Ифлосшавии дарёҳо, истифодаи бесамари об, шаҳришавӣ (урбанизатсия)-и аз ҳад зиёд ва тағйирот дар истифодаи замин ба кам шудани захираҳои об меорад.


Инак, ба Кодекси нави об чӣ хел тағйиротҳо дохил гардиданд?
Онҳо, дар навбати аввал, ба танзими истифодаи об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетика дахл доранд. Аз ин рӯ, фаъолияти Стансияҳои электрикии обӣ (CЭО-ГЭС) бар асоси муносибати комплексӣ, ки на танҳо манфиати сектори энергетикӣ, балки соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва аз ҳама беш аҳолиро ба ҳисоб мегирад, амалӣ карда мешавад. Муассисаҳое, ки иншоотҳои гидротехникиро истифода мебаранд, вазифадоранд, ки на танҳо қувваи электр истеҳсол кунанд, балки ба равиши муайянкардаи кори обанбор ба таври қатъӣ риоя намоянд. Ба ин нигоҳ доштани сатҳи лоиҳавии об, таъмини имкониятҳои санитарӣ ва экологӣ, инчунин пешгирии якбора дигар шудани сатҳи оби обанбор, ки метавонанд ба экосистемаи поёноб зарар расонанд, дохил мешаванд.


Дуюм. Муайян намудани андозаҳои саҳеҳи минтақаи муҳофизати об ва заминҳои соҳил, яъне Кодекси нави оби Ӯзбекистон талаботи ҳифзи табиатро ба таври назаррас зиёд мекунад. Дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи об акнун ҷойгир кардани муассисаҳои саноатӣ, анборҳои маводҳои кимиёвӣ ва молиданиву сӯзишворӣ, инчунин, фаъолияти ихтиёрӣ, ки метавонад ба эррозияи замин ва бад шудани сифати об биёрад, қатъиян мумкин нест.


Кодекси нав, инчунин барои ҳамаи лоиҳаҳои сохтмон ва тармими объектҳо, ки ба вазъи об таъсир мерасонад, экспертизаи ҳатмии давлатии экологиро пешбинӣ мекунад. Яъне акнун ҳеҷ як сарбанд (плотина)-и нав ё ки СЭО бе баҳогузории ҳаматарафа ба зарари он ба табиат ва таҳияи чораҳо роҷеъ ба минималӣ кардани он, сохта намешавад.


Баробари ҳамин, институти шӯроҳои об барои баланд бардоштани идораи босамар ва қабули қарорҳои мӯътадил роҳандозӣ мегардад. Ин сохторҳо дар шакли идораҳои коллегиявӣ-­консултативӣ фаъолият пеш мебаранд.


Бар асоси Кодекси нав истифодаи об ба ду категория ҷудо карда мешавад: умумӣ, ки барои доираи васеи шахсон дастрас аст (гирифтани об барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишӣ, оббозӣ, обдиҳӣ ба ҳайвонот, моҳидорӣ бо мақсадҳои спортӣ, ё ки ҳаваскорӣ) ва махсус, ки барои эҳтиёҷоти саноатӣ ва кишоварзии калон гирифтани ҳуҷҷатҳои рухсатиро талаб мекунад.


Ғайр аз ин, дар ҳуҷҷати мазкур объектҳои обӣ ба истифодаи муваққатӣ (ба муддати аз 3 то 49 сол) додан ба андохтани ҷарима барои риоя накардан ба он дар соҳаи истифодаи об барои хоҷагии моҳидорӣ, эҳтиёҷоти саноат, энергетикӣ ва хоҷагӣ-­маишӣ пешбинӣ шудааст.

Хулоса, Кодекси нави об эълон мекунад, ки об захираи стратегӣ аст ва онро давлат муҳофиза менамояд, инчунин модели нави барқарори истифодаи об дар Ӯзбекистон, роҳандозии технологияҳои сарфакунандаи об, ҳамкории давлатӣ-­хусусӣ, пурзӯр кардани назорати иншооти гидротехникӣ барои гирифтани об аз дарё, ё ки ҳавзҳо ва беҳдошти ҳамкории байналмилалӣ амалӣ мешавад.


Кодекс, инчунин мафҳуми сервитути обро дохил намуда, масъулиятро барои қонуншиканӣ муайян мекунад, ки он барои истифодаи ратсионалии захираҳои об мусоидат менамояд, самаранокии соҳаро зиёд мекунад ва бехавфии оби мамлакатро таъмин менамояд.


Қайд мекунем, ки ҳуҷҷати мазкур пас аз 3 моҳ — рӯзи 31‑уми октябри соли 2025‑ум ба амал медарояд ва Қонун «Дар бораи об ва истифодаи он»-и соли 1993 аҳамияташро гум мекунад.

Фурқат ТУРНИЁЗОВ тайёр кард.