Дар вохӯрии имсолаи роҳбари давлатамон бо соҳибкорон ҳам пешниҳод ва ташаббусҳо бисёр шуданд.
Дар одами ихтиёрӣ, ки бо вазъият бевосита шинос нест, мумкин саволҳои «Чунин саъю ҳаракатҳо самара медиҳанд? Натиҷа чӣ хел?» пайдо шавад.
Дар асл, дар натиҷаи фароҳам овардани шарту шароитҳои қонунӣ, шаффоф ва мусоид соҳа пайваста рушд мекунад. Мисол, дар панҷ соли охир дар вилояти мо ба 20,3 ҳазор нафар соҳибкор 25,2 триллион сӯмина имтиёзҳои андоз дода шуданд. Танҳо шумораи пардохткунандагони андози иловагии арзиш аз 491 тои соли 2017 ба 15 ҳазор нафар расида, 31 баробар афзуд.
Масъалаи асосии рушди соҳибкорӣ дастгирии молиявии онҳо ба ҳисоб меравад, албатта. Дар диёрамон дар масъалаи мазкур низ воситаҳои молиявии хуб фароҳам оварда шудаанд. Соли равон аз онҳо истифода бурда, барои соҳибкорон наздик ба 6 триллион сӯмина кредит пешниҳод гардид. Танҳо дар доираи барномаҳо ба 45 ҳазор нафар шахс 1,3 триллион сӯмина кредити имтиёзнок дода шуд. Аз ҳисоби он шуғли 46 ҳазор нафар шаҳрвандро таъмин карданд.
Умуман, соли равон дар вилоят шумораи соҳибкорон ба 6,1 ҳазор нафар афзуда, ба 74,3 ҳазор нафар расид. Аз онҳо шумораи субъектҳои хурди соҳибкорӣ 66 ҳазор, миёна 8,1 ҳазор ва калон 603 торо (гардиши маҳсулот 100 миллиард сӯм ва аз он зиёд) ташкил кард.
Роҳбари давлатамон дар соли 2023 дар мулоқоти кушода бо соҳибкорон муайян кард, ки акнун баҳодиҳӣ ба соҳибкорон ва дастгирии онҳо бар асоси рейтинг роҳандозӣ мешавад. Дар ин самт дар даври гузашта 2 то фармону 2 то қарор қабул ва сохтор ташкил гардид.
Соҳибкорон моҳияти ин корҳо ва аҳамияти онҳоро дар рушди соҳа дуруст фаҳмида, ба беҳдошти рейтинги худ кӯшиш мекунанд. Танҳо дар соли равон корхонаҳои дараҷаи барқарориашон баланд ба 334 то афзуда, шумораи онҳо 1171 торо ташкил кард.
Дараҷаи барқарориашон миёна ба 1067 то зиёд шуда, ба 9548 то ва қаноатбахш ба 988 то афзуда, ба 17900 то расиданд.
Мисол, дар ноҳияи Ургут корхонаҳои мансуби тоифаи поён аз 1577 то ба 1457 то кам шуда, 120 то корхона дар тоифаи қаноатбахш мондааст.
Акнун тамоми эътиборамонро ба 16.2 ҳазорто корхонаҳои тоифаи поён нигаронда, чораҳои беҳ кардани рейтинги онҳоро мебинем.
Бо додани кӯмак ба бузург шудани субъектҳои бизнеси хурд ва миёна барои «соҳибкори чемпион» шудани онҳо низ корҳои муайян амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, 49 то корхонаро бар асоси мизонҳои чемпионӣ интихоб карда, дар натиҷаи ёриҳое, ки ба онҳо расонда шуданд, ба афзудани шумораи коргарон ба 4 ҳазор нафар, ҳаҷми гардиши маҳсулот ба 4 триллион сӯм, ҳаҷми содирот ба 108 миллион доллар муяссар гардиданд.
Ғайр аз ин, 8 то соҳибкор ҳаҷми солонаи гардиши маҳсулотро аз 100 миллиард сӯм зиёд ва ҷои кориро беш аз 500 то карда, ба дараҷаи вилоятии «соҳибкори чемпион» расиданд. Акнун чораҳои ба «чемпион»-и миқёси ҷумҳурӣ табдил додани онҳоро мебинем.
Мисол, аз ҳисоби кӯмакҳое, ки ба ҶММ «NEW TECH SAMARKAND»-и ноҳияи Пастдарғам додаанд, дар ҳолати 1 уми март аз «чемпионии дараҷаи ноҳия» имрӯз ба «чемпиони дараҷаи вилоятӣ» (шумораи коргарон 1025 нафар, гардиши маҳсулот 242,2 миллиард сӯм) табдил ёфт.
Ба мулоқоти кушодаи имсолаи Роҳбари давлатамон бо соҳибкорон 1078 муроҷиат шудааст. 836 тои онҳоро мусбӣ ҳал карда, 241 то муроҷиати боқимонда зери назорати ҳокими вилоят баррасӣ карда мешавад.
Дарвоқеъ, дар нимсолаи якуми соли равон 670 миллион долларина сармоягузориҳои хориҷиро азхуд карда, нисбати соли гузашта ба 28 дарсад афзоиш муваффақ шуданд.
То ҷамъбасти сол 14 то лоиҳаи калони 340 миллион сӯмина роҳандозӣ мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Пахтачӣ, ки саноат ривоҷ наёфтааст, ҶММ «Зиёвуддин инвест текстил» маҳсулоти трикотажии арзишаш 16,3 миллион долларина истеҳсол мекунад.
Дар вилоят ба масъалаи содирот низ эътибори алоҳида дода, дар натиҷаи дастгирии ҳартарафаи содироткунандагон ва аз имтиёзҳои ба онҳо дода истифода бурда, дар 5 соли охир ҳаҷми содироти вилоят 2,5 баробар афзуд.
Бояд қайд кард, ки дар 7 моҳи гузашта 553,1 миллион долларина маҳсулотро содирот намуда, нақшаи солона 65 дарсад иҷро гардид.
Ҳоло ҳиссаи субъектҳои бизнеси хурд дар маҳсулоти умумии ҳудудии вилоят 68,2 дарсадро ташкил мекунад.
Шербек БӮРОНОВ,
ҷонишини якуми ҳокими вилоят
