Роҳбари вилояти Самарқанд бо сардиректори Хизмати шуғли Словения Грета Метка Барбо Шкербинч вохӯрӣ гузаронид. Таваҷҷуҳи асосии мулоқот ба ташкили муҳоҷирати корӣ ва ташаккули захираи мутахассисони соҳибихтисос барои бозори меҳнати Словения нигаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ миёни раҳбарияти Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ва Хизмати шуғли Словения «Харитаи роҳ» ба имзо расида буд. Ҳуҷҷати мазкур роҳандозӣ намудани барномаи хониши касбӣ мувофиқи стандартҳои Словения дар Ӯзбекистонро дар бар мегирад. Ин барои омодасозии мутахассисоне, ки дар Аврупо талабот зиёданд, имкон медиҳад.
Тарафҳо чораҳои амалии иҷрои шартномаро баррасӣ карданд. Намояндагони ҳайати Словения омодагии худро барои бо кор таъмин намудани сокинони самарқандӣ, ки дорои малакаҳои зарурӣ ва донистани забон мебошанд, дар доираи созишнома маълум кард.
Намояндагони ҳайати вакилони Словения инчунин аз марказҳои таълимии шаҳри Самарқанд дидан карда, бо рафти тайёр кардани мутахассисон шинос мешаванд.
