Ovozi.uz

Оё масъулияти изҳори андеша гум мешавад?

Имрӯзҳо шабакаҳои интернетӣ барои одамон, ғайр аз мубодилаи ахбор ҳамчун майдони тиҷорат, навоварӣ дар соҳаҳои гуногун ва хушнишондиҳӣ хизмат менамояд. Вале мутаассифона, боз як паҳлӯи платформаи мазкур ҳаст. Муносабатҳои нозук, оила ва ҳаёти шахсӣ сабаби муҳокимаи кушод гардида, ин раванд асосан фоидабарандагони саҳифаро ба ду қутб тақсим мекунад. Масалан, ҷудошавии шахсони машҳур, моҷароҳои вайроншавии … ёки дигар моҷароҳои оилавӣ аз ҷониби ҳазорон ҳатто миллионҳо нафар муҳокима мешавад. Ин ҳолат ба ҷои бо ҳаёти худ машғул шудан, шавқмандиро ба ҳаёти дигарон меафзояд. Инчунин, аксарият худро “фариштаи адолат” пиндошта тарафкашӣ ё ягон самтро сиёҳ мекунанд.

Дар табиати инсон мушоҳидаи ҳаёти дигарон ва муҳокимаи муаммоҳои онҳо як навъ шавқ дорад. Ин ҳавасмандӣ асосан дар натиҷаи муаммоҳои ҳаёти шахсӣ, норизогӣ ва эҳсосоти дилгирӣ ба вуҷуд меояд. Шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рағбатро бештар намуда, имконияти ба ҳаёти дигарон дохил шуданро мекушояд. Аммо муаммо дар он аст, ки аксаран одамон аз маълумот пурра бархурдор набуда, ҳолатро нодуруст талқин менамоянд ва ё барои ҳимояи тарафи худ фикрҳои беасосро баён мекунанд.

Аз сабаби осон будани баёни фикр дар саҳифаҳо аксарият оқибати суханҳои худро ба инобат намегиранд. Дахолат ба ҳаёти шахсӣ, паҳн кардани маълумоти нодуруст ва ноаниқ ба оқибатҳои зиёди зарарнок сабаб мешавад. Ин нафақат ба руҳияти шахсони муайян таъсир мерасонад, балки дар ҷамъият муҳити бовариву ҳурматро низ вайрон мекунад. Агар инсоният аз ғайбати ҳаёти шахсӣ дида, ба масъалаҳои фоидаоварӣ ҷамъияти рағбат менамуд, ҳоло ба нуқтаҳои баланди тараққиёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил шудан мумкин буд. Айниҳол, ҳар як фард, пӯшидагии ҳаёти худ ва нигоҳ доштани эҳтироми худро талаб карда метавонад. Дар ҷамъият бояд оиди ҳаёти шахсӣ ва дахолат бар он сарҳади муайян бошад. Кушоду равшан баён кардани муаммоҳои ҳаёти худро хоҳем ҳам, маҷбурияти эҳтиром намудани ҳаёти дигаронро дорем. Фазои маҷозӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсон таъсири худро расонида истодааст. Сарфи назар аз зиёд будани тарафҳои мусбии он, дахолати бевосита ба ҳаёти фардӣ, тарафкашӣ, баёни фикри нодуруст ба руҳият ва тарққиётти ҷамъият таъсири манфӣ мерасонад. Ҳаминро бояд таъкид кард, ки ҳар як фоидабаранда барои кам намудани оқибатҳои зараровари шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш намояд, инчунин, ҳурмат кардани ҳаёти шахсӣ ва эътибор ба фаъолияти манфиатҳои хизматкунанда ба ҷамъияти умумӣ зарур аст. Танҳо тавассути чунин муносабат мо метавонем ҷомеаи фаровону устуворро бунёд созем.