Дар Самарқанд нишасти 21-уми роҳбарони мақомоти бехатарӣ ва хидматҳои разветкаи кишварҳои узви ИДМ оғоз шуд.
Дар чорабинӣ, ки бори аввал дар кишвари мо баргузор мешавад, роҳбарони мақомоти бехатарӣ ва хидматҳои разветкаи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Нахуст Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни маҷлисро Котиби Шӯрои бехатарии назди Президент В.Маҳмудов хонда дод.
Сарвари давлатамон дар муроҷиати худ таъкид кардааст, ки дар шароити вазъи ҷаҳонии геополитикии имрӯза, шиддат гирифтани задухӯрдҳои анъанавӣ ва пайдо шудани таҳдидҳои нав, мустаҳкам намудани мавқеъҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои бехатарии байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳарвақта бештар зарур аст.
Иштирокдорони чорабинӣ доир ба хатар ва таҳдидҳои замонавӣ табодули афкор намуда, вазифаҳои кунунии мустаҳкам намудани ҳамкориҳои хидмати разведкаи кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар поёни мулоқот сарони ҳайатҳо вазифаҳои мушаххас ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар таъмини бехатарии минтақаро муайян кунанд.
