Ovozi.uz

Роҳбари вилоят…

Дар намоишгоҳи «BUILD PRO EXPO 2025» шудДар маҷмааи намоишгоҳои «SOF EXPO Samarkand»-и ноҳияи Ҷомбой чорумин намоишгоҳи байналмилалии бинокории BUILD PRO EXPO 2025 баргузор гардид. Дар он ғайр аз корхонаҳои маҳаллӣ, қариб 70 корхона ва истеҳсолкунандагони беш аз 10 кишвари хориҷӣ, аз қабили Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Беларус, Россия ва Озарбойҷон бо қариб 700 маҳсулоти худ иштирок карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулотҳои бинокорӣ, системаҳои муҳандисӣ, тарроҳии дохилӣ ва берунӣ, меъморӣ, технологияи «интеллектуалӣ» ва маҳсулоти бинокории устувор ба намоиш гузошта шудаанд.

Роҳбари вилоят А. Бобоев дар маросими ифтитоҳӣ ширкат варзида, таъкид намуд, ки дар маҳсулоти ҳудудии умумии вилоят корҳои сохтмонӣ ва пудратӣ 7 дарсад, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар саноати умумӣ 8,2 дарсадро ташкил хоҳанд дод. Ин нишондиҳандаҳо то чи андоза муҳим будани ин соҳаро нишон медиҳанд. Теъдоди корхонаҳое, ки масолеҳи бинокорӣ истеҳсол мекунанд, аз 1700 зиёд шудааст ва онҳо ҳар сол қариб 5 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол мекунанд.

Дар чорабинӣ бори аввал сементи сафеди тамғаи 500–600, ки дар асоси технологияҳои Туркия аз сӯзишвории ангишт омода карда шудааст, тақдим гардид.

Дар доираи барномаҳои намоишгоҳ корҳои илмӣ ва навигариҳои соҳаи сохтмон, роҳҳои ҳалли иноватсионӣ, моделҳои меъморӣ-­дизайнӣ ва шаҳрсозии замонавӣ намоиш ва барои намояндагони соҳа бо иштироки мутахассисон форуми байналмилалии сохтмонӣ гузаронида шуд.

Дар сессияи Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Нарпай иштирок кардСессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Нарпай баргузор шуд.

Дар сессия, ки иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок кард, масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид.

Моҳи августи соли равон ҳокими ноҳияи Нарпай Ш.Бӯроновро ҷонишини якуми ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои молия, иқтисодиёт ва ихтисори камбизоатӣ, сардори сарсадорати иқтисодиёт ва молия таъин карда буданд.

Бо тавсияи ҳокими вилоят Болиев Анвар Бегимқуловичро ҳокими ноҳияи Нарпай тасдиқ намуданд.

А.Болиев то ҳол дар вазифаи ҷонишини якуми ҳокими ноҳияи Нарпай роҷеъ ба масъалаҳои молия, иқтисодиёт ва ихтисори камбағалӣ, сардори сарсадорати иқтисодиёт ва молия фаъолият пеш бурдааст.

Роҳбари вилоят дар сессия корҳое, ки барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Нарпай амалӣ шудаанд, таҳлил ва вазифаҳоеро, ки дар оянда бояд роҳандозӣ шаванд, муайян намуд.

Бо «Мир» масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ намудИҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд А.Бобоев бо роҳбари Ширкати телевизион ва радиои «Мир» Радик Батиршин мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо имкониятҳои таблиғи дар сатҳи байналмилалии мероси ғании фарҳангӣ ва ёдгориҳои меъмории Самарқанд ва бо ин васила рушди бахши сайёҳиро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо пешниҳодҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ВАО, ки ҳаёти фарҳангӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва иқтидори сайёҳии шаҳрро дар доираи ҳамкории мутақобила фаро мегиранд, баррасӣ карданд.

Дар охири мулоқот дар бораи мустаҳкамии минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ ба мувофиқа расиданд.

Ба Фармоиш имзо гузоштРоҳбари вилоят А.Бобоев бо мақсади таъмини фаъолияти идораҳои хизмати коммуналӣ ва бо тайёрии хуб гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 4‑уми ноябри соли равон ба фармоиши таҳти рақами 24–70–4/25 имзо кард. Он ба пурзӯр кардани чораҳои тайёрии ҳамаи объектҳои таъминоти зиндагии аҳолии минтақа нигаронда шудааст.

Бар асоси ҳуҷҷати мазкур ташкилотҳои хизмати коммуналии вилоят — ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ҳудудгаз — Самарқанд», «Ҳудудий электр тармоқлари» ва ҶС «Самарқанд сув таъминоти» вазифадор гардиданд, ки дар даври сармо аҳолиро бефосила бо гази табиӣ, қувваи электр ва оби ошомиданӣ таъмин кунанд.

Ба роҳбарони муассисаҳо, ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо супурда шуд, ки навбатдории доимии бригадаҳои садамавӣ бо техника ва материалҳои зарурӣ таъминшударо барои саривақт пешгирии носозиҳои рӯйдода ташкил намоянд.

Дар фармоиш ба масъалаҳои бехавфии сӯхтор ва тайёрии маҷмӯъҳои коммуналӣ ва муҳандисӣ дар фасли зимистон диққати махсус нигаронда шудааст. Дар корҳои тайёрӣ садорати вилоятии сохтмон, хоҷагии коммуналӣ ва хонаву ҷой, садоратҳои санитарӣ ва экологӣ, назорати санитарӣ, инчунин вазъиятҳои фавқулодда фаъолона иштирок мекунанд.

Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи ҷонишини ҳокими вилоят Н.Раҳимов вогузошта шудааст.

А.Бобоев таъкид намуд, ки ҳамаи чорабиниҳоро бояд дар муддатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд, то ки сокинони вилоят зимистонро дар хонаҳои гарм бо таъминоти барқарори оби ошомиданӣ ва қувваи барқ гузаронанд.

Корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро омӯхтРоҳбари вилоят Адиз Бобоев дар шаҳри Каттақӯрғон бо рафти корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва беҳсозии инфрасохтори маҳаллаҳо шинос шуд.

Роҳбари вилоят ба масъулон оид ба бартараф кардани муаммову камбудиҳо ва нақшаҳои оянда супоришҳо дод, бо сокинон низ мулоқот намуд.