Ovozi.uz

Ҳокими вилоят бо корҳои анҷомдодашуда дар маҷмааи Имом Бухорӣ шинос шуд

Дар рӯзи аввали Соли нав, ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо ҳамроҳии мақомоти дахлдор бо корҳои ниҳоии анҷомдодашуда дар маҷмааи Имом Бухорӣ шинос шуд.

Корҳои сохтмонӣ, ки дар маҷмаа анҷом дода мешаванд, шароитҳои фароҳамовардашуда барои зоирон ва вазъи инфрасохтор аз назар гузаронида шуданд.

Чуноне, ки таъкид гардид, ин маҷмуа, ки бо ташаббуси Президентамон дар асоси роҳҳои ҳалли меъмории муосир ва ба таври мувофиқ ба мақоми олими бузурги ҳадис Имом Бухорӣ аз нав сохта мешавад, на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми ҷаҳони ислом макони муҳими зиёрат ҳисобида мешавад.

— Маҷмуа бояд на танҳо аз ҷиҳати меъморӣ, балки аз ҷиҳати сифати хизматрасонӣ, ободонӣ ва интизом низ намуна бошад, — гуфт ҳокими вилоят.

Ба масъулон вазифаҳои дахлдор дода шуданд, ки барои зоирон шароити мусоид фароҳам оваранд, инфрасохтори мавҷударо мувофиқи талаботи муосир ташкил кунанд ва фаъолияти хоҷагиро мунтазам беҳтар намоянд.