Шаҳри Самарқанд васеъ мегардад, ноҳияи Самарқанд ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудии ҷудогона барҳам дода мешавад.
12-уми январ дар ҷамъомади фраксияи Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонон — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (ЎзЛиДеП) дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қарор «Дар бораи барҳам додани ноҳияи Самарқанд дар вилояти Самарқанд ва тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Оқдарё, Пастдарғам, Тойлоқ ва шаҳри Самарқанд» баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки барои табдил додани Самарқанд ба «шаҳри миллионнафара», сохтани биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо роҳҳои истифодаи меъмории замонавӣ, қонеъ гардонидани пурраи ниёзи аҳолӣ ба манзил ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ тавассути таъмини инфрасохтор дар минтақаҳо, ноҳияи Самарқанд ҳамчун воҳиди алоҳидаи маъмурӣ-ҳудудӣ барҳам дода мешавад.
«Дар натиҷаи тағйири сарҳадҳо ҳудуди шаҳри Самарқанд аз 11,8 ҳазор гектар то 28,9 ҳазор гектар васеъ мегардад, ки барои ҷалби сармоягузориҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ имкониятҳои калон фароҳам меорад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои нави сайёҳӣ, майдончаҳои бозӣ, аквапаркҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти фароғативу сайёҳӣ, инчунин минтақаҳои сабз, иншооти хизматрасонӣ ва сарҳадҳои логистикӣ бунёд хоҳанд шуд, — гуфт узви фраксияи ЎзЛиДеП Диёр Ҳусанов».
Ёдовар мешавем, ки оиди ба «Шаҳри миллионнафара» табдил додани Самарқанд бори аввал соли 2021 зикр шуда буд. Инчунин, ҳамон вақт эълон шуда буд, ки барои ин мақсад дар дохили шаҳр 5 ноҳия таъсис дода мешаванд.
25-уми ноябри соли 2025 дар ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқи вилояти Самарқанд, ки бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Ургут баргузор шуд, эълон гардид, ки 17,5 ҳазор гектар замин аз ноҳияҳои Оқдарё, Пайариқ, Пастдарғам, Тойлоқ ва ноҳияи Самарқанд ба ҳудуди шаҳри Самарқанд ҳамроҳ карда мешавад. Дар натиҷа, шумораи аҳолии шаҳри Самарқанд аз 604 ҳазор то 882 ҳазор нафар мерасад.
Ҳамчунин, дар моҳи сентябри соли 2025 дар иҷлосияи даҳуми Сенати Олий Маҷлис масъалаи тағйири сарҳадҳои шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Каттақӯрғон ва Нуробод баррасӣ гардида, қарор қабул шуд, ки ҳудуди шаҳри Каттақӯрғон ба 2,9 ҳазор гектар васеъ карда шавад.
