Ovozi.uz

Стипендияи Амир Темур таъсис мешавад

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таҷлили васеи 690-солагии рӯзи таваллуди арбоби бузурги давлатӣ ва сарлашкар, пуштибони илм, фарҳанг ва санъат Соҳибқирон Амир Темур» қабул гардид. Дар ин бора канали Telegram-и «Таълим назорати» хабар дод. Мувофиқи қарор, ҳамасола моҳи апрел «Моҳи Амир Темур» эълон карда мешавад ва дар доираи он дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбӣ-ҳунарӣ ва олӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, инчунин маҳаллаҳо бо иштироки олимони темуршинос, нависандагон ва аҳли санъат вохӯриҳо ва чорабиниҳои бадеӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.

Инчунин, ки рӯзҳои 9-10-уми апрели соли ҷорӣ дар Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳ ва аҳамияти Амир Темур ва тамаддуни темуриён дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон» ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, як силсила китобҳо, асарҳои илмӣ ва илмӣ-оммабоп оид ба таърихи давраи Амир Темур ва темуриён омода ва нашр карда мешаванд.

Илова бар ин, мувофиқи қарори Президент, бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзиши мероси Амир Темур ва темуриён аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, вазифа гузошта шудааст, ки пешниҳодҳо оид ба таъсиси стипендияи ба номи Амир Темур барои донишҷӯёни зинаи магистратураи муассисаҳои таълими олӣ таҳия карда шаванд.

Пешниҳодҳои таҳияшуда то моҳи июни соли 2026 ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод мегарданд.