Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон № 627 «Дар бораи шикор ва идоракунии шикор» аз 8-уми июли соли 2020, мавсими шикор дар ҷумҳурӣ аз 1-уми март то 15-уми август ҳар сол баста мешавад.
Дар ин бора Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Гузориш дода мешавад, ки ин маҳдудият барои ҳифзи захираҳои биологӣ, ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ҳангоми афзоиши онҳо ва таъмини мувозинати табиӣ хизмат мекунад.
«Шикор дар мавсими манъшуда мутобиқи қонунгузории амалкунанда масъулияти қатъиро дар назар дорад. Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми муносибати бо табиат дар мавсими басташудаи шикор эҳтиёткор ва масъулиятнок бошанд», — гуфта мешавад дар гузориш.
