Замоне як подшоҳ барои вазирӣ номзади муносиб интихоб мекард. Вай як имтиҳон пайдо кард. Фармуд, ки бузургтарин дарвозаи подшоҳии ӯро ба қалъа оваранд. Мардуме, ки ин дарвозаи азими оҳанинро диданд, ба ҳайрат афтоданд.
Подшоҳ дар ҷамъомаде, ки дарбориён, амалдорон ва хирадмандони гуногун буданд, гуфт:
— Дарвозаи калонро дидед. Ман онро беҳуда наовардаам. Шахсеро, ки дари онро боз мекунад, ба вазифаи вазир таъин мекунам.
Ҳозирон аз бими шармандагӣ ҳатто ба назди дарвоза нарафтанд. Нахостанд дар назди ин қадар мардум хиҷолат кашанд, тамошо мекарданд, ки охири ин кор бо чӣ анҷом меёбад. Хирадмандон ба гирду атрофи дарвоза менигаристанд вале, ба кушодани он кӯшиш намекарданд. Ҳафсалаи одамон пир шуд: охир ба иҷрои он коре, ки хирадмандон натавонистанд, кӯшиш кардан чӣ фоида дорад!
Аммо дар ин лаҳза ясовуле аз подшоҳ иҷозат пурсид. Ӯ пас аз иҷозат гирифтан далерона рафта дастаро кашид: дар ба осонӣ кушода шуд. Дарвоза ҳатто қулф набудааст. Он танҳо пӯшида истода буд.
Ясовул ба туфайли боварӣ ва мардонагии худ ба мартабаи баланд ноил гардид.
Мо одатан ба чунин ҳолатҳо дучор мешавем. Таваккал кардан ва бе ягон дудилагӣ қадам ба пеш гузоштан ба мо муваффақият меорад, аммо набудани ҷасорат ва қатъият боиси пушаймонӣ ва нокомиҳо мегардад.
