Ovozi.uz

Имрӯз зодрӯзи шоир Худоназари Оқсоӣ аст

Ӯ соли 1937 дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Пастдарғам ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби рақами 19-и деҳа ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Ҳангоми таҳсил бо шоиру нависандагони машҳур Баҳром Фирӯз, Лоиқ Шералӣ ва Сорбон ҳамсабақ будааст. Баъди итмоми донишгоҳ дар телевизиони тоҷик ба ҳайси мухбир кор мекунад. Муддате дар рӯзномаи «Норак» мухбир мешавад.

Соли 1967 ба зодгоҳаш баргашта, дар Оқсойи дуюми ноҳияи Пастдарғам хонаву ҷойи истиқматӣ сохта, то охири ҳаёташ зиндагӣ мекунад. Худойназари Оқсоӣ мудири мактаби рақами 19-и ноҳияи Пастдарғам таъин мешавад ва то ба нафақа баромадан дар ҳамин вазифа кор мекунад. Баъди ба нафақа баромдан, пасопеш чанд маҷмӯаи шеърҳояшро аз нашр мебарорад. «Сафинаи сухан», «Подоши амал», «Сиришки шодӣ», «Ҳадиси оҳарӣ», «Оинаи дил», «Сухани вопасин», «Дори амонат», «Обшори париён», «Ҳадиси рӯзгор», «Шукрона бинмоем» ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Шоири рангинхаёлу тозабаён то охири ҳаёташ бо эҷод машғул шуда, 18-уми сентябри соли 2023 ин гунбади давворро абадӣ тарк мекунад.