Ovozi.uz

Ҷоми ҷаҳон: бозиҳои охир бо кадом натиҷа анҷом ёфтанд?

Бразилия бо шикасти Япония ба марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон роҳхат гирифт
Дар дидори дуюми бозиҳои даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Бразилия бо Япония рақобат карданд.

Ин дидор, ки дар шаҳри Ҳюстони Америка гузашт, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи бразилиҳо поён ёфт ва роҳи дастаро ба марҳилаи баъди ҳамвор кард.

Нимаи аввали бозӣ бо як голи япониҳо ба анҷом расид. Вале дар нимаи дуюм бразилиҳо тавонистанд, ки ду гол ба дарвозаи рақиб ворид кунанд.

Голи ҳалкунандаро Габриел Мартинеллии бразилӣ дар дақиқаи 90+6-ум ба самар расонд ва тақдири бозиро ҳал кард.

Дар марҳилаи 1/8-ниҳоии ин мусобиқа Бразилия бо ғолиби ҷуфти Котди Ивуар ва Норвегия дидор хоҳад кард.

Германия аз Парагвай шикаст хӯрд ва Ҷоми ҷаҳонро тарк кард
Мунтахаби Германия дар марҳилаи 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз Парагвай шикаст хӯрд. Ин дидор дар шаҳри Фоксборои Америка гузашт. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Дар задани зарбаҳои 11-метрӣ (пеналтӣ) парагвайиҳо ҳисобро 4:3 бар нафъи худ анҷом доданд.

Бо ин натиҷа Германия иштироки худро дар Ҷоми ҷаҳон ба поён расонд. Парагвай бошад дар даври 1/8-ниҳоии ин мусобиқа бо ғолиби ҷуфти Франсия ва Шветсия дидор хоҳад кард.

Бояд гуфт, Германия бо 6 имтиёз аз ҷойи аввали гурӯҳи худ ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфта буд. Парагвай бо 4 имтиёз аз ҷойи сеюми гурӯҳи “D” аз гурӯҳ баромада буд.

Марокаш Ҳоландро дар зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дод ва ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт
Дар бозии сеюми марҳилаи 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Марокаш Ҳоландро дар зарбаҳои 11-метрӣ (пеналтӣ) мағлуб кард ва ба марҳилаи ҳаштякниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ, ки дар шаҳри Гуадалупеи Мексика баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои 11-метрӣ Марокаш бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омад.

Ҳамакнун дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ Марокаш бо Канада бозӣ хоҳад кард.