Пистаи хандон манбаи равғанҳои фоиданок ва антиоксидантҳо мебошад. Он дорои нахи парҳезӣ, калтсий ва фосфор, як гурӯҳ витаминҳои В ва Е аст.
Пистаи хандон солимии дилро барқарор мекунад. Миқдори холестерини зарарнокро кам мекунад. Он ки аз антиоксидантҳо ва витаминҳо бой аст, илтиҳобро пешгирӣ ва рагҳоро муҳофизат мекунад. Бинобар ин хатари бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад.
Писта асабҳоро ором мекунад. Витамини Б6, ки дар таркиби писта мавҷуд аст, дар кори дурусти системаи асаб роли калон мебозад. Витамини Б6 дар ташаккули миелин нақши калон дорад, ки интиқоли дурусти импулсҳоро байни нахҳои асаб таъмин мекунад. Норасоии витамини В6 метавонад боиси ихтилоли гуногуни асаб, бехобӣ, мушкилоти хотира ва ҳатто ихтилоли руҳӣ шавад.
Дар таркиби пистаи хандон лютеин ва зеаксантин мавҷуд аст. Онҳо дар қисми марказии гавҳари чашм ҷамъ шуда, қабати муҳофизатии онҳоро мустаҳкам мекунанд ва аз бемориҳои чашм муҳофизат мекунанд.
Системаи иммуниро мустаҳкам мекунад. Он дорои маъданҳои монанди кислотаи фолий, биотин, рибафлавин, витаминҳои ниацин ва магний мебошад, ки барои фаъолияти системаи масуният муҳиманд.
Писта хусусияти ҷавонгардонии пӯст дорад. Витамини Е яке аз муҳимтарин витаминҳо барои солимии пӯст аст. Ӯ пӯсти хушк ва пайдошавии доғҳоро пешгирӣ мекунад. Онро дар фасли тобистон бештар истеъмол кардан лозим аст.
Дар таркиби писта миқдори моддаи оҳан бисёр аст.
Бинобар ин барои камхунӣ истеъмол кардан тавсия карда мешавад.
