Ovozi.uz

Дар ҳавои гарм чӣ бояд хӯрд ва нӯшид?

Дар фасли тобистон ҳама аз нури офтоб гурехта, ҷойи сояро мекобанд. Бинобар ин, аз задани офтоб бояд худро ҳимоя кард. Агар кори зарур надошта бошед, дар соатҳои аз ҳама гарм (одатан 11:00–17:00) камтар дар зери нури офтоб бошед. Кулоҳ пӯшиданро фаромӯш накунед. То метавонед либоси сабуки ранги равшандошта пӯшед. Мунтазам об нӯшед, ҳатто агар ташна набошед ҳам.

Агар бо варзиш шуғл варзидан хоҳед, ё кори вазнин дошта бошед, субҳи барвақт ё шом иҷро кунед. Дар вақти фаъолият бештар об нӯшед.

Дар гармо маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва дигар ғизоҳо зуд вайрон мешаванд. Ғизоро дар ҷойи хунук нигоҳ доред ва пеш аз истеъмол кардан муҳлати онро санҷед.

Агар мошинро дар офтоб монед, ҳарорати нишемани он хеле зуд баланд мешавад. Кӯдакон ва ҳайвонотро ҳеҷ гоҳ дар мошин танҳо нагузоред.

Оби одӣ беҳтарин интихоб аст. Бештар меваҳои сероб, мисли тарбуз, харбуза, бодиринг ва шафтолу истеъмол кунед. Нӯшокиҳои хеле ширинро камтар нӯшед.

Дар рӯз пардаҳои хонаро пӯшида нигоҳ доред, то гармӣ камтар дарояд. Субҳи барвақт ва шаб тирезаҳоро кушоед, то ҳавои хона иваз шавад. Агар вентилятор ё кондитсионер дошта бошед, аз онҳо истифода баред.

Кӯдакон ва пиронсолон ба гармӣ ҳассостаранд. Боварӣ ҳосил кунед, ки онҳо оби кофӣ менӯшанд ва дар ҷои салқин қарор доранд. Агар муддати дароз дар офтоб бошед, аз кремҳои муҳофизатии зидди нурҳои офтоб (SPF) истифода баред. Айнаки офтобӣ пӯшед, то чашмҳо аз нурҳои зараровар муҳофизат шаванд. Шабона дар муҳити нисбатан салқин хоб кунед. Дар рӯзҳои хеле гарм бештар истироҳат кунед.

Агар ҳарорати бадан баланд шуда, сар чарх зада, нафаскашӣ душвор гардад ва беҳушӣ ё қайкунӣ пайдо шавад, ба ҷойи сояафкан ё хунук гузаред, об нӯшед ва фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунед.

Ба гуфти шифокорон, шахсоне, ки аз офтобзанӣ ранҷ мебаранд, бояд чанд рӯз дар бемористон бистарӣ шаванд. Зеро барои барқарор кардани системаи асаб, гардиши хун ва дигар реаксияҳои биохимиявии вайроншудаи организм якчанд рӯз лозим аст.

Худатонро эҳтиёт кунед!