Ovozi.uz

Иштихон: рӯ ба ободиву фаровонӣ

Дар ноҳияи Иштихон ислоҳоти густурда амалӣ гардида, симои нави иқтисодии минтақа ташаккул меёбад. Мақсаду вазифаҳое, ки барои соли равон муайян шудаанд, нишон медиҳанд, ки низоми идоракунии ноҳия ба марҳилаи сифатан нави рушд қадам гузоштааст.

Интизор меравад, ки то охири сол дар иқтисоди ноҳияи Иштихон афзоиши назаррас ба даст меояд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 триллиону 416,3 миллиард сӯм расонида мешавад, ки нисбат ба соли гузашта қариб 10 дарсад бештар аст.

Дар давоми сол татбиқи 10 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нигаронида шудаанд ва арзиши умумиашон 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, пешбинӣ шудаанд. Ин лоиҳаҳо на танҳо бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин мекунанд, балки ба афзоиши иқтидори содиротӣ низ мусоидат хоҳанд кард. Дар натиҷа, барои 250 нафар ҷои кор ва ба қимати 140 миллиард сӯм маҳсулоти иловагӣ истеҳсол мегардад.

Хусусан, корҳое, ки қобили таваҷҷӯҳ мебошанд, дар маҳаллаи Кӯтармаи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» иҷро мешаванд. Дар ин ҷо корхонаҳои нави саноатӣ бо истифода аз технологияҳои муосир таъсис мегарданд. Дар натиҷа, танҳо аз ҳамин маҳалла содироти маҳсулот ба маблағи 7,3 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Дар соли ҷорӣ ба иқтисодиёти ноҳия ҷалби 155 миллион доллар сармояи хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ин барои таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, роҳандозии технологияҳои инноватсионӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад. Дар натиҷа ҳаҷми содирот ба 28,1 миллион доллар расонида мешавад.

Дар соли 2026 ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба 121 дарсад расонида мешавад. Сохтмони 9 бинои бисёрқабата, беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ ва ба 64 дарсад расонидани сатҳи фарогирии он дар назар аст. Дар бахши таъминоти неруи барқ 28 километр шабакаи нави барқ кашида шуда, 132 трансформатор таъмиру навсозӣ мегардад.

Соҳаи хизматрасонӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, низ босуръат рушд мекунад. Дар соли равон дар ин самт ба афзоиши 119 дарсад ноил шудан дар назар аст. Яке аз кӯчаҳои марказиро пурра азнавсозӣ карда, ба минтақаи муосири хизматрасонӣ табдил дода мешавад. Дар он ҷо марказҳои фароғатӣ, мағозаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил хоҳанд шуд.

Дар соҳаҳои нақлиёт низ дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд. Ҳамзамон, ба рушди хизматрасониҳои канори роҳ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар канори роҳҳо ошхонаҳои нав, ҷойҳои истироҳат ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мешаванд. Барои ин 60 гектар қитъаи замин тавассути музояда ба соҳибкорон пешниҳод мегардад.

Дар самти коҳиши камбизоатӣ муҳимтарин вазифа на танҳо расонидани кумаки моддӣ, балки таъмини аҳолӣ бо манбаи устувори даромад низ мебошад.

Бо ҳамин мақсад, дар асоси «Таҷрибаи Сайҳунобод» 2480 микролоиҳа амалӣ карда мешаванд. Ин лоиҳаҳо дар маҳаллаҳо ба рушди соҳибкории хурд равона шудаанд. Аз ҷумла, 54 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ, 868 лоиҳа дар бахши хизматрасонӣ ва 558 лоиҳа дар соҳаи саноат амалӣ мегарданд. Дар натиҷа, қариб 5 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Илова бар ин, 11 маҳалла ба самтҳои муайяни фаъолият ихтисос дода мешаванд. Масалан, дар баъзе маҳаллаҳо парвариши ниҳол, дар дигар парвариши қулфинай ё сабзавот рушд дода шуда, сехҳои моҳипарварӣ бунёд мегарданд.

Дар доираи барномаи «Имконияти баробар» 255 нафар шахсони ногироидошта соҳиби ҷойи кор мешаванд. Ҳамчунин, дар давоми сол аъзои 2049 оиларо, ки ба феҳристи камбизоатон дохил шудаанд, ба омӯзиши касбу ҳунар фаро мегиранд ва барояшон барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон аъзои 339 оила бо ҷои кории доимӣ таъмин гардида, 329 оила ба соҳибкорӣ ҷалб карда шудаанд. То охири сол теъдоди оилаҳое, ки ба кори доимӣ ҷойгир мешаванд, ба 717 ва теъдоди оилаҳое, ки ба соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд, ба 656‑то хоҳанд расид. Ғайр аз ин, 4082 нафар аҳолӣ ё 932 оила аз феҳристи камбизоатӣ бароварда шудаанд.

Кишоварзӣ дар иқтисодиёти ноҳия ҷойгоҳи муҳим дорад. Соли 2026 дар ин соҳа технологияҳои инноватсионӣ васеъ роҳандозӣ мешаванд. Дар парвариши пахта усулҳои муосир истифода гардида, дар 3465 гектар замин технологияҳои сарфакунандаи об татбиқ хоҳанд шуд, ки ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, бо усули интенсивӣ моҳихонаҳо бунёд мегардад. Иншооти обие, ки аз ҷӯи «Оқтепасой» об мегирад, бунёд ва заминҳои токпарварии 9 маҳалла бо об таъмин карда мешаванд.

Омили асосии рушди иқтисодӣ сармояи инсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба соҳаҳои таълим ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Дар мактабҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ тақвият ёфта, сатҳи маҳорати омӯзгорон баланд бардошта мешавад. Ҳамчунин, компутерҳои нав ва таҷҳизоти муосири таълимӣ дастрас мегарданд.

Дар соҳаи тандурустӣ зиёда аз 74 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Илова бар ин, 5 дармонгоҳи нави оилавӣ сохта, сифати хизматрасониҳои тиббиро беҳтар мекунанд.

Бо мақсади рушди иқтидори сайёҳии ноҳия дар атрофи обанбори «Оқдарё» минтақаи экотуристӣ ташкил карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, барномаи рушди ноҳияи Иштихон барои соли 2026 як ҳуҷҷати стратегии васеъмиқёс ва амиқан андешидашуда мебошад. Дар сурати татбиқи пурра ва босифати вазифаҳои муайяншуда, ноҳия метавонад на танҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ низ ба яке аз минтақаҳои пешсафи ҷумҳурӣ табдил ёбад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ