Дар вақти гармии аномалӣ барои ҳифзи саломатӣ ба ин тавсияҳо риоя кунед:
➖ Оби зиёд нӯшед, ҳатто ташна набошед ҳам.
➖ То ҳадди имкон дар ҷойҳои салқин ё соя бимонед.
➖ Либоси сабук, васеъ ва ранги равшан пӯшед.
➖ Аз соати 11:00 то 17:99 дар зери офтоби мустақим зиёд нагардед.
➖ Кулоҳ, айнак ва чатр истифода баред.
➖ Мева ва сабзавоти сероб, ба монанди тарбуз, харбуза, помидор, бодиринг, зардолу истеъмол кунед.
➖ Аз нӯшокиҳои спиртӣ ва аз ҳад зиёд нӯшидани қаҳва худдорӣ намоед.
➖ Ғизои сабук, аз қабили салат ва шӯрбоҳои сабук истеъмол кунед. Аз хӯрокҳои бисёр равғанин ва хеле шӯр камтар истифода баред.
Агар шахс аломатҳое мисли сарчархӣ, беҳолӣ, дарди сар, беҳушӣ ё таби баланд дошта бошад, ӯро ба ҷойи салқин бурда, об диҳед ва ҳарчи зудтар ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунед.
Ин чораҳо ба пешгирии гармозадагӣ ва дигар таъсирҳои манфии гарми шадид кӯмак мекунанд.
