Ovozi.uz

Дар Самарқанд ҷарроҳии мураккаби ғадуди мағзи сар бомуваффақият гузашт

Нейрохирургони филиали Маркази тибии ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилӣ дар Самарқанд ба бемори 67-солаи ургутӣ ҷарроҳии мураккабро бомуваффақият гузарониданд.

Бемор дар ҳолати вазнин бо хуруҷ ба беморхона оварда шуд. Пас аз ташхиси фаврӣ ва таҳлилҳои зарурӣ маълум гардид, ки дар мағзи сараш ғадуди калон ҷой дорад, ки тақрибан чоряки ҳаҷми мағзи сарро фаро гирифтааст.

Бо такя ба натиҷаҳои ташхис, мутахассисони шуъбаи нейрохирургия ҷарроҳии мураккаб анҷом дода, ғадуди мағзи сарро, ки солҳои зиёд боиси ранҷи бемор гардида буд, пурра хориҷ карданд.

Ҳоло вазъи бемор муътадил буда, ӯ ба ҳуш аст. Табобат ва барқарорсозии саломатии ӯ таҳти назорати шифокорон қарор дорад.