Дар ин бора дар Фармоиши раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Ш.Негматов «Дар бораи даъвати сессияи навбатии сию ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати ҳафтум» маълум карда шуд.
Дар рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: ➖ дар бораи тасдиқи «Харитаи роҳ»-и рушди шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Самарқанд ба воситаи сафарбар намудани имконият ва захираҳои дохилӣ; ➖ дар бораи барраси ва пазируфтани консепсияи лоиҳаи молия гузорӣ барои «Барномаи такмили пайвастаи сохтори ёрии тиббӣ — санитарии ибтидоӣ барои ба натиҷаҳо расидан дар Самарқанд» бо иштироки Иттиҳодияи рушди байналмилалии (ИРБ) Бонки ҷаҳонӣ, ки Вазорати иқтисод ва молия таклиф кардааст; ➖ дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят; ➖ дар бораи дохил намудани тағирот ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 2-юми июни соли 2026 «Дар бораи истифода аз маблағҳои озоди боқимондаи буҷети маҳаллии вилоят, ки дар ҳолати 1-уми январи соли 2026 ташаккул ёфтааст».
