Ovozi.uz

Даври дуюми Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, ба анҷом расид

Дар даври дуюми мусобиқа шаш дастаи Ӯзбекистон — се дастаи мардон ва се дастаи занон вохӯриҳои навбатии худро баргузор карданд.

Аз рӯи натиҷаҳо, намояндагони Ӯзбекистон ба чор пирӯзии ҷамоавӣ ноил шуданд. Дар ду вохӯрии дигар рақибон бартарӣ пайдо карданд.

Дар сабқати мардон Ӯзбекистон-1 бо Перу рақобат карда, бо ҳисоби 3,5:0,5 пирӯз шуд. Нодирбек Абдусатторов, Ҷавоҳир Синдоров ва Шамсиддин Воҳидов дар тахтаҳои худ яккаса ғалаба карда, ба даста як холӣ оварданд. Партияи Муҳиддин Мадаминов бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Ӯзбекистон-2 бошад, яке аз натиҷаҳои бузургтарини ин даврро ба даст овард. Ҷаҳонгир Воҳидов, Муҳаммадзоҳид Суяров, Ортиқ Ниъматов ва Ҳумоюн Бегмуродов ҳамаи партияҳои худро бар зидди намояндагони Алҷазоир бо пирӯзӣ анҷом доданд — 4:0.

Ӯзбекистон-3 бо Германия рақобат кард. Дар ин вохӯрӣ Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов ним хол ба даст овард, Саидакбар Сайдалиев, Баҳром Баҳриллаев ва Алмас Раҳматуллаев бошанд, партияҳои худро бохтанд. Ҳисоби ниҳоӣ — 0,5:3,5 ба нафъи Германия.

Дар байни бонувон Ӯзбекистон-1 ба Эквадор ҳатто як хол ҳам надод. Афрӯза Ҳамдамова, Гулруҳбегим Тоҳирҷонова, Умида Омонова ва Нилуфархон Имомқӯзиева партияҳои худро бо пирӯзӣ анҷом доданд — 4:0.

Ӯзбекистон-2 низ мусобиқаро бомуваффақият идома дод. Дар рақобат бо Иордания Нилуфар Ёқуббоева, Мадина Ҳалилова ва Асал Салимова пирӯз шуданд. Мумтозбегим Мансурова мусовӣ кард ва дар натиҷа, даста бо ҳисоби 3,5:0,5 ғолиб омад.

Вохӯрии Ӯзбекистон-3 ва Испания бошад, бо ҳисоби 1,5:2,5 ба анҷом расид. Мафтуна Бобомуродова як хол ба ҳисоби Ӯзбекистон ворид карда бошад, Барчиной Шокирҷонова соҳиби ним хол шуд.

Акнун дастаҳои Ӯзбекистонро даври сеюм интизор аст. Дар сабқати мардон Ӯзбекистон-1 бо Австрия, Ӯзбекистон-2 бо Германия ва Ӯзбекистон-3 бо Марокаш рақобат мекунанд.

Дар сабқати бонувон бошад, Ӯзбекистон-1 бо Индонезия, Ӯзбекистон-2 бо Испания ва Ӯзбекистон-3 бо Арабистони Саудӣ дона меронанд.