Ovozi.uz

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол», ки бо ташаббуси Президент баргузор гардид, муайян шуданд

Ҳар як ғолибе, ки дар 208 ноҳия (шаҳр) ҷойи аввалро ишғол кардааст, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 616 миллион сӯм (1400-баробари андозаи базавии ҳисобкунӣ) мукофотонида мешаванд.

Oзмуни «Омӯзгори сол», ки имсол бори аввал баргузор шуд, эътирофи баланди ислоҳоти дар соҳа амалишаванда ва қадрдонии омӯзгорон мебошад.

Озмун омӯзгоронро на танҳо аз ҷиҳати моддӣ ҳавасман мегардонад, балки баробари баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо ба беҳтар гардидани сифати таълим низ хизмат мекунад.

Ба ҷои маълумот: дар озмуни имсола беш аз 46 000 нафар омӯзгор аз саросари кишвар иштирок карда, 208 нафари онҳо ғолиб дониста шуданд.