Ovozi.uz

Барои гузарондани «IAC-2028» дар Самарқанд шарномаи нахустин ба имзо расид

Дар доираи Конгресси 77-уми байналмилалии астронавтика, ки дар шаҳри Анталия идома дорад, барои гузарондани Конгресси байналмилалии астронавтикаи соли 2028 дар Самарқанд шарномаи нахустин ба имзо расид.

Ҳуҷҷат бо Федератсияи байналмилалии астронавтика ба имзо расонида шуд. Дар маросим президенти федератсия Габриэлла Арриго, вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, директори Агентии «Ӯзбеккосмос» Шуҳрат Қодиров ва директори ташкилоти ғайридавлатии «Эътилофи зеҳни сунъӣ» Азиз Муҳиддинов иштирок карданд.

Имзои ҳуҷҷати мазкур марҳилаи муҳими омодагии амалӣ ба гузаонидани «IAC-2028» дар Самарқанд ба ҳисоб меравад. Акнун оиди дар сатҳи баланд ташкил кардани конгресс, барои меҳмонони хориҷӣ омода намудани инфрасохтори зарурӣ ва таҳияи барномаи чорабинӣ идома меёбад.

Ҳамин тариқ, марҳилаи нави омодагӣ ба чорабинии бузурги байналмилалие оғоз гардид, ки дар соли 2028 олимон, муҳандисон ва мутахассисони соҳаи кайҳонро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар Самарқанд ҷамъ меовард.