Ovozi.uz

Ӯзбекистон ва ИМА барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 12 миллиард доллар 54 созишнома ба имзо расониданд

19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд, дар доираи сафари ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ӯзбекистон, бастаи ҳуҷҷатҳо иборат аз 54 созишнома ба имзо расид. Онҳо татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои технологӣ бо арзиши умумии 12 миллиард доллар пешбинӣ мекунанд. Дар ин бора хизмати матбуоти Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон хабар дод.

Созишномаҳо самтҳои навсозии саноат, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим, молия, технологияҳои рақамӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маорифро фаро мегиранд.

Аз ҷумла, бо ширкати GE Aerospace оид ба таъмини ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бо муҳаррикҳо ва бо ширкати Wabtec дар бораи маҳаллисозии истеҳсоли техникаи роҳи оҳан ва қисмҳои эҳтиётии он созиш ҳосил шуд.

Созишномаҳои бо ширкатҳои Franklin Templeton, Oppenheimer & Co., Citigroup ва BlackRock баимзорасида ба ҷалби сармоя ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ворид шудани ширкатҳои Ӯзбекистон ба бозорҳои байналмилалии молиявӣ равона шудаанд.

Ҳамзамон, ҳамкорӣ бо ширкатҳои ReElement Technologies, Traxys ва Trafigura дар соҳаи саноати кӯҳӣ пешбинӣ шудааст.

Ташаббусҳои марбут ба ширкатҳои Amazon Leo, GE HealthCare ва Valmont Industries бошанд, соҳаҳои алоқаи моҳвораӣ, технологияҳои тиббӣ ва кишоварзиро фаро мегиранд.

Созишномаҳои баимзорасида ба густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ миёни Ӯзбекистон ва ИМА, ҷалби технологияҳои замонавӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолӣ дар як қатор соҳаҳо равона шудаанд.