Дар пасманзари эҳтимоли шиддат гирифтани вазъи низомӣ дар Ховари Миёна, дипломатҳо талош доранд музокираҳо бо Эронро аз нав оғоз кунанд. Бино ба гузориши нашрияи The Wall Street Journal, Вашингтон бо мақсади мустаҳкам кардани ҳузури низомии худ дар минтақа, киштиҳои ҳавопаймобар ва неруҳои пиёдагарди баҳриро ҷойгир мекунад.
Гуфта мешавад, ки низомиёни Исроил низ эҳтимолан нақшаи амалиёти низомии тӯлонитареро омода кардаанд, ки мақсади он бар зидди барномаҳои ядроӣ, зерсохтори низомӣ ва шахсони роҳбарияти Эрон равона шудааст.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор доштааст, ки Вашингтон қасд надорад то интихоботи миёндавраии Конгресс, ки 3 ноябр баргузор мешавад, ҳамлаҳо ба Эронро дубора оғоз кунад. Ҳамчунин, ӯ қаблан гуфта буд, ки агар Теҳрон сиёсати худро ҳарчи зудтар тағйир надиҳад, ИМА ва Исроил метавонанд ба зудӣ «кори оғозкардаи худро ба анҷом расонанд».
Покистон ва Қатар низ дар талошҳои ҳалли дипломатии вазъият иштирок доранд. Яке аз пешниҳодҳои мавриди баррасӣ ин аст, ки дар ивази розигиҳои муайяни Эрон дар масъалаи барномаи ядроӣ, як қисми активҳои басташуда ин кишвар озод карда шаванд.
Ба фикри таҳлилгарон, ҷонибҳо дар музокираҳо бартариҳои гуногун доранд. ИМА мехоҳад таваҷҷуҳи асосӣ ба барномаи ядроии Эрон равона карда шавад. Теҳрон бошад, талош дорад, ки музокираҳоро ба масъалаи боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз равона созад.
