Ovozi.uz

Беш аз нисфи ҷиноятҳои дар Самарқанд содиршуда киберҷиноятҳо мебошанд

Дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 дар вилояти Самарқанд 13 ҳазору 74 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 51 фоиз ба ҷиноятҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, яъне киберҷиноятҳо рост меояд.

Дар ин бора ҷонишини якуми прокурори вилояти Самарқанд Сарвар Бозоров дар сессияи 39-уми Шӯрои вакилони халқии вилояти Самарқанд хабар дод.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз шумораи умумии ҷиноятҳо 6 ҳазору 718 ҳолат киберҷиноят, 3 ҳазору 235 ҳолат (25 фоиз) ҷиноятҳои пешгиришаванда ва 3 ҳазору 121 ҳолат (24 фоиз) ба гурӯҳи ҷиноятҳои ошкоршаванда мансубанд.

Ҳамзамон, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи шахсони содиркунанаи ҷиноят  23 фоиз ва ҷинояткории ҷавонон 32 фоиз кам шудааст.

Ғайр аз ин, ҷиноятҳои гурӯҳӣ 17 фоиз ва ҷиноятҳои содиркардаи занон 8 фоиз коҳиш ёфтаанд.