Ovozi.uz

Барои лоиҳаҳои сайёҳӣ дар мавзеи Ширин имтиёзҳо ҷорӣ карда мешаванд

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дастгирии лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ бо самараи баланди мултипликативӣ дар шаҳри Янги Тошкент ва минтақаҳо» (ФП-243 аз 10 ноябри соли 2026) қабул гардид.

Тибқи фармон, дар шаҳри Янги Тошкент ва мавзеи Ширини шаҳри Самарқанд барои татбиқи лоиҳаҳои бузурге, ки арзиши онҳо на камтар аз 50 миллион доллари ИМА аст, низоми махсуси ҳуқуқӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ба қатори лоиҳаҳое, ки ин низом нисбат ба онҳо татбиқ мегардад, меҳмонхонаҳо, боғҳои фароғатӣ, маконҳои истироҳатӣ ва минтақаҳои интегратсияшудаи курортӣ дохил мешаванд. Барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои савдо, сайёҳӣ ва хидматрасонӣ ҷалби брендҳои пешсафи байналмилалӣ ва ба даст овардани созишҳои пешакӣ бо онҳо ҳатмӣ мебошад.

Дар ҳуҷҷат барои брендҳои байналмилалии меҳмонхонаҳо шарти алоҳида низ пешбинӣ шудааст. Лоиҳаҳои ширкатҳое, ки ба рейтинги 50 бренди бузургтарини меҳмонхонаҳои ҷаҳон ё панҷ шабакаи беҳтарини меҳмонхонаҳо шомиланд, ҳатто агар арзиши онҳо аз 50 миллион доллар камтар бошад ҳам, метавонанд аз имтиёзҳои низоми махсус истифода баранд.