Имрӯз, 19-уми ноябр, дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони то 17-сола оғоз мегардад. Дар мусобиқа 48 тими миллӣ дар 12 гурӯҳ барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.
Диққати асосии мухлисони футболи Ӯзбекистон ба бозиҳои гурӯҳи «Е» равона хоҳад шуд. Дар ин гурӯҳ тими наврасони Ӯзбекистон бо ҳамсолони худ аз Италия, Ямайка ва Кот-д’Ивуар рақобат мекунад.
Шогирдони сармураббӣ Сергей Чигодаев нахустин бозии худро дар Чемпионати ҷаҳон фардо, 20-уми ноябр, соати 21:00 ба вақти Тошканд муқобили тими Кот-д’Ивуар баргузор мекунанд. Вохӯрии дуюм бо тими Ямайка 23-юми ноябр, соати 18:00 ва бозии сеюм бо мунтахаби Италия 26-уми ноябр, соати 19:00 доир мешавад. Ҳар се бозии марҳилаи гурӯҳӣ дар маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Доҳа баргузор хоҳанд шуд.
Тақсимоти тимҳои иштирокчӣ ба гурӯҳҳо чунин аст: ➖ Гурӯҳи «А»: Қатар, Панама, Миср, Юнон. ➖ Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Уганда, Каледонияи Нав, Эквадор. ➖ Гурӯҳи «С»: Аргентина, Австралия, Мозамбик, Дания. ➖ Гурӯҳи «D»: Франсия, Ҳаитӣ, Арабистони Саудӣ, Уругвай. ➖ Гурӯҳи «Е»: Италия, Ямайка, Кот-д’Ивуар, Ӯзбекистон. ➖ Гурӯҳи «F»: Сенегал, Хорватия, Куба, Тоҷикистон. ➖ Гурӯҳи «G»: Мали, Зеландияи Нав, Белгия, Ветнам. ➖ Гурӯҳи «Н»: Испания, Хитой, Фиҷи, Марокаш. ➖ Гурӯҳи «I»: Бразилия, Ирландия, Танзания, Коста-Рика. ➖ Гурӯҳи «J»: Ҷумҳурии Доминикан, Черногория, Чили, Алҷазоир. ➖ Гурӯҳи «К»: Мексика, Руминия, Камерун, Венесуэла. ➖ Гурӯҳи «L»: Ҷопон, Колумбия, Сербия, Гондурас.
Мувофиқи низомномаи мусобиқа, ҷамоаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол мекунанд, инчунин ҳашт мунтахаби беҳтарин аз миёни дастаҳои ҷойи сеюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд. Ҳамин тариқ, дар даври плей-офф 32 даста барои идомаи мубориза рақобат мекнанд.
Қобили зикр аст, ки тими наврасони ИМА рӯзи 11-уми ноябр аз иштирок дар мусобиқа даст кашид. Бо қарори ФИФА ҷойи онро мунтахаби Ҷумҳурии Доминикан гирифт. Барои намояндагони минтақаи ҳавзаи баҳри Кариб ин нахустин иштирок дар Чемпионати ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола хоҳад буд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа баргузоршавии ҳашт бозӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин чемпионати ҷаҳон доварони Ӯзбекистон низ фаъолият хоҳанд кард. Аскар Наҷафалиев ба ҳайси довари асосӣ бозиҳоро ҳакамӣ мекунад. Ба ӯ дар канорҳои майдон Бахтиёрхӯҷа Шавкатов ва Авазбек Абдуллоев ёрӣ мерасонанд. Нахустин бозӣ бо иштироки ҳайати доварони Ӯзбекистон имрӯз миёни мунтахабҳои Мозамбик ва Дания баргузор мешавад.
