Турб барои иваз кардани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусиятҳои қавии зиддимикробӣ дорад.
Шарбати турбро барои фаъолияти дурусти рӯда ва мустаҳкамкунии мӯй истеъмол мекунанд. Ин сабзавот ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли он атеросклероз, варамҳо, дар пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешоб хеле фоиданок аст.
Дар табобати халқ турби аз турфтарошак баровардаро дар радикулит истифода мебаранд. Глюкозидҳои талх ва равғанҳои эфирии хушбӯй, ки дар турб ҳаст, сангҳои роҳҳои пешобро майда карда мерезонад.
Барои давои бронхит, роҳи нафаси боло турбро бо асал омехта истеъмол мекунанд. Инчунин, шарбати он балғамро хориҷ мекунад.
Витаминҳои С, фосфор, синк ва В, ки дар таркиби турб мавҷуд аст, барои пӯсти инсон бисёр фоиданок мебошад. Обе, ки дар турб ҳаст, барои нам нигоҳ доштани пӯст кӯмак мекунад. Турбро аз турбтарошак гузаронда ба рӯй маска кунанд, рӯйро тоза ва ҳуҷайраҳои пӯсти рӯйро нав мекунад.
Ҳолатҳое, ки истеъмоли турб мумкин нест; ➖ инҳо илтиҳоби шадиди ҷигар, гурда ва баъзе бемориҳои меъдаю рӯда; ➖ дар шакли гиператсиди гастрит ва рӯдаҳо, агар он бо илтиҳоби луобпарда алоқаманд бошад, баъзе бемориҳои дилу раг истеъмоли турб ғайриимкон аст.
