Имрӯз дар таҳририяти «Овози Самарқанд» барои шунавандагони «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон», ки дар назди рӯзнома фаъолият дорад, дар мавзӯи «Факт ва фейк» дарси навбатӣ баргузор гардид.
Дарсро рӯзноманигори ботаҷриба, корманди рӯзномаи «Самарканский вестник» Замира Болтаева гузашт.
Иштирокдорон оид ба мафҳумҳои факт ва фейк, роҳҳои муайян кардани маълумоти саҳеҳ ва фарқ намудани хабарҳои ҳақиқӣ аз хабарҳои дурӯғ маълумот гирифтанд.
Инчунин, дар бораи як қатор сайтҳо, аз ҷумла Google Lens, TinEye, InVID-WeVerify ва RevEye, ки барои пайдо кардани нашрҳои пешина, тасвирҳои монанд ва маълумоти иловагӣ кумак мекунанд, маълумот дода шуд.
— Санҷидани дурустии хабар пеш аз нашр намудани он ва паҳн намудани маълумоти саҳеҳ тақозои касб ва масъулияти рӯзноманигор мебошад, — зикр намуд З. Болтаева — Журналист бояд пеш аз истифодаи ҳар гуна маълумот манбаи онро муайян карда, дурустии далелҳоро аз чанд сарчашма санҷад. Ба ҳар гуна хабаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегардад, набояд саросемавор бовар кунад. Зеро имрӯз бо рушди технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ сохтани акс, навор ва хабарҳои сохта хеле осон гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз вазифаҳои муҳими рӯзноманигор ин аст, ки байни маълумоти тасдиқшуда ва фейкҳо фарқ гузошта, аз паҳн намудани хабарҳои носанҷида худдорӣ намояд. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи акс ва навор бояд ба сана, макон, муаллиф ва манбаи аслии онҳо диққати махсус дода шавад.
Дар ҷараёни дарс иштирокдорон бо мисолҳои амалӣ кор карда, роҳҳои ошкор намудани хабарҳои сохта ва маълумоти нодурустро омӯхтанд.
Фарзона Тӯрақулова, шунавандаи «Мактаби маҳорат»
