Дар оянда сокинони пойгоҳҳои доимии Моҳ метавонанд дар ин радифи табиии Замин картошка парвариш кунанд.
Дар ин бора нашрияи Popular Science хабар додааст.
Ботаникони Донишгоҳи иёлати Орегони ИМА дар натиҷаи таҷриба собит кардаанд, ки картошка дар хоки сунъии ба реголити Моҳ монанд, дар сурати илова кардани моддаҳои органикӣ, метавонад бомуваффақият сабзад.
Яке аз мушкилоти асосии ба роҳ мондани кишоварзӣ дар Моҳ дар оянда хусусиятҳои хоси хоки он мебошад. Реголити Моҳ тақрибан аз моддаҳои органикӣ холӣ буда, худ аз худ наметавонад растаниҳоро бо унсурҳои зарурии ғизоӣ таъмин кунад. Илова бар ин, дар таркиби он металлҳои вазнин мавҷуданд ва сатҳи Моҳ ҳамеша зери таъсири шуоъҳои кайҳонӣ ва офтобӣ қарор дорад.
Аз ин рӯ, олимон мутмаин набуданд, ки иловаҳои маъмулии кишоварзӣ метавонанд таъсири манфии чунин муҳитро бартараф созанд.
Барои санҷидани ин фарзия муҳаққиқон хоки сунъии ба реголити Моҳ монандро омода карданд, ки таркибаш ба хусусиятҳои намунаҳои ҳангоми парвозҳои кайҳонии «Аполлон» ба Замин овардашуда мувофиқат мекард. Сипас ба он биогумус — омехтаи органикии аз моддаҳои ғизоӣ бойро, ки дар натиҷаи коркарди моддаҳои органикӣ тавассути кирмҳои лойхӯрак ҳосил мешавад, илова карданд.
Баъдан олимон дар омехтаҳои дорои таносуби гуногуни реголит ва биогумус картошка шинонда, раванди сабзиш ва рушди онро мушоҳида карданд.
Натиҷаҳои таҷриба умедбахш буданд. Маълум шуд, ки барои ба даст овардани ҳосиле, ки бо картошкаи дар хоки маъмулии Замин парваришшуда қобили муқоиса бошад, омехтаи дорои ҳамагӣ 30 дарсади биогумус кофӣ аст.
Ба эҳтимоли зиёд, ҷузъҳои органикӣ таъсири заҳрноки металлҳои вазнинро дар таркиби реголит коҳиш дода, системаи решаи растаниро муҳофизат мекунанд.
Аммо танҳо ба даст овардани ҳосил ҳанӯз маънои онро надорад, ки чунин картошка барои истеъмол бехатар аст. Аз ин рӯ, муҳаққиқон таркиби химиявии онро низ алоҳида омӯхтанд. Дар ин замина онҳо ба гликоалкалоидҳо — моддаҳое, ки ба таври табиӣ дар таркиби картошка мавҷуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Миқдори зиёди ин пайвастагиҳои заҳрнок метавонад ба саломатии инсон хатар эҷод кунад. Ҷамъшавии онҳо дар картошка, аз ҷумла, ба сабз шудани лӯндаҳои он низ алоқаманд аст.
Натиҷаҳои таҳлил нишон доданд, ки дар картошкаи дар муҳити сунъии ба хоки Моҳ монанд парваришшуда миқдори гликоалкалоидҳо аз ҷиҳати оморӣ ба таври назаррас зиёд нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар сурати фароҳам овардани шароити муносиб, ҳосили бадастомада метавонад барои истеъмол мувофиқ бошад.
Дар марҳилаи навбатии таҳқиқот олимон ният доранд даҳ навъи картошкаро, ки дар реголити сунъии Моҳ парвариш карда мешаванд, бо ҳам муқоиса кунанд. Ҳадафи онҳо муайян кардани навъҳое мебошад, ки ба чунин шароит беҳтар мутобиқ шуда, арзиши ғизоии баланд доранд ва дар Моҳ ҳосили устувор медиҳанд, хабар медиҳад korrespondent.net.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки NASA аз нақшаи бунёди пойгоҳи моҳӣ бо арзиши 20 миллиард доллар хабар додааст.
