Дар давраи идҳои солинавӣ дар Бразилия то 725 садамаи нақлётӣ сабт шудааст, ки дар натиҷа 56 нафар ҳалок ва 903 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора агнетии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе полиси федералии роҳҳои ин давл.
Дар баённомаи полис гуфта мешавад, ки шумораи ҳалокшудагон нисбат ба як соли қабл 25% камшудааст.
Идҳои солинавӣ ва карнавал серодамтарин давраи сайёҳӣ дар Бразилия мебошанд.
Дар баённомаи полис инчунин баён гардидааст, ки барои мубориза бо ронандагӣ дар ҳолати мастӣ амалиёти махсус барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ гузаронида шуд. Дар ҷараёни амалиёт мақомот 383 нафарро дастгир ва 557 кг марихуана мусодира намудаанд.
