Ovozi.uz

Ба оилаҳои камтаъмин нафақаи бачаҳо дода мешавад

Мувофиқи қонун ба оилаҳои камтаъмин нафақаи бачаҳо дода мешавад.
Андозаи ҳармоҳаи пули бача ба таври зерин муайян карда мешавад:

  • барои 1 кӯдаки аз 3 то 18 сола – 250 ҳазор сӯм;
  • барои як кӯдаки то 3 сола — 325000 сӯм;
  • ёрдампулии иловагӣ барои фарзанди дуюми оила — 150 ҳазор сӯм;
  • барои фарзандони сеюм ва минбаъдаи оила — аз 100 ҳазор сӯм.

Инчунин, ба шаҳрвандони яккаю танҳо, оилаҳои камтаъмини бефарзанд ва ба ҳамаи бачаҳои аз 18-сола боло 380 ҳазор сӯм ёрдампулии ҳар моҳ таъин карда мешавад.

Барои маълумот: ёрдампулии кӯдак барои бачаҳои то 18-сола ба мӯҳлати то 12 моҳ дода мешавад.