Таҳти ҳамкории Агентии мероси фарҳангии Ӯзбекистон, Хазинаи мероси фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ, муассисаҳои таълими олии Самарқанд ва мутахассисони соҳа ҷиҳати ҳифз ва ба маркази сайёҳӣ табдил додани ёдгориҳои таърихии вилоят корҳои шоиста амалӣ мегарданд.
Бахусус, аз тарафи Хазинаи мероси фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ дар асоси барномаи ОДА (Official Development Assistance) лоиҳаи “Афзунсозии салоҳияти сайёҳии таърихӣ-фарҳангии вилояти Самарқанд”, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудааст, татбиқ карда мешавад.
Чанде пеш дар доираи лоиҳаи мазкур барои барқарорсози (реставратсия)-и осорхонаи «Афросиёб»-и шаҳри Самарқанд беш аз 290 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда шуд. Дар доираи корҳои реставратсионӣ экспозитсияи ошёнаи якуми осорхона (таърихи Самарқанд то ба Ислом) аз нав бо технологияҳои замонавӣ таҷҳизонида шуда, толори намоишгоҳ, видеозал ва роҳравҳо нав гардиданд. Шифт ва боми ошёнаи дуюм низ таъмир карда шуд.
– Дар асоси лоиҳаи “Афзунсозии салоҳияти сайёҳии таърихӣ-фарҳангии вилояти Самарқанд” шартнома панҷсолаи ҳамкорӣ имзо гардида, бобати инкишоф додани туризм ва ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангӣ ҳамкориҳоро роҳандозӣ кардем, — гуфт директори Садорати истифодаи мероси фарҳангии Корея Чае Су Хӣ. — Ду сол аст, ки устодону донишҷӯёни Донишкадаи арехологии Самарқанд ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кореягӣ объектҳои мероси фарҳангии Самарқандро барқарор мекунанд. Маҳз бо мақсади татбиқи таҷрибаи Корея дар самти реставратсия ва консерватсия, боз ҳам мустаҳкам кардани ҳамкории байни устодон ва донишҷӯён ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” 500 адад китобҳои корейсӣ ва англисиро тӯҳфа кардем. Умедворем, ки ин китобҳо барои мутахассисон ва донишҷӯён дар рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии аз байн рафтаистода муфид хоҳанд буд.
Акбар АЛИБЕКОВ, ходими хурди илмии Институти археологияи Самарқанд ба номи Яҳё Ғуломов
