Ovozi.uz

Маълумотҳои ҷолиб дар бораи борон

Аҷоиботи олам

Ҳар сол ба рӯйи замин 519 000 километри мукааб борон меборад.
Ҳар сол 29-уми июл дар шаҳри Уайнсберги штати Огайо (ИМА) борон меборад. Аммо то ҳол ягон олим ва ё метеоролог сабаби инро гуфта наметавонад.
Дар ҷазираҳои Маршалл дарозии ҳар як қатраи борон 1 сантиметр аст.
Дар шаҳри Параи Бразилия ҳар рӯз дар як вақт борон меборад. Бинобар ҳамин аҳолии ин шаҳр борон кай сар мешаваду кай ба охир мерасад, пешакӣ медонанд.
Дар Уганда соле 250 маротиба борон меборад.
Дар Таиланд садҳо сол боз танҳо шабона бориши борон мушоҳида карда мешавад.
Черрапунҷӣ — минтақаи аз ҳама сербориши Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо соле 26460 мм. борон меборад.
Аз ҳар 100 миллион нафар аҳолии рӯйи замин танҳо як нафар гирифтори аллергия ба борон аст.