Ovozi.uz

САМАРҚАНД, БОЗ ОМАДАМ СӮИ ТУ…

Дар нимаи аввали асри ХХ дар муҳити адабии Самарқанд як гурӯҳ шоиру нависандагони соҳибравияву соҳибкитоб ба камол расиданд, ки Раҳим Ҳошим, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Болта Ортиқзода, Абдулғании Ҷавдат ва дигарон аз ин ҷумлаанд. Дар байни онҳо шоир, нависанда ва олими таърихшиносу арабидон Болтақул (Маҳмуд) Диёрӣ низ бо асарҳои гуногунмавзӯи худ баҳри рушди адабиёт дар шаҳри куҳану ҳамешаҷавон саҳми шоиста гузоштааст.
Вақте китоби рӯзгори ин шахси мӯътабарро саҳфа мезанем, аён мегардад, ки номи аслиаш Болтақул буда, Диёрӣ тахаллуси адабии шоир мебошад. Ӯ 6_уми апрели соли 1914 дар мавзеи Яккаманори шафати мадрасаи Бибихонуми шаҳри Самарқанд дар оилаи Маҳмудмуфтӣ таваллуд шудааст.
Болтақул дар муҳити хуби оилаи адабпарвар камол ёфт ва дар овони бачагӣ бо роҳнамоии падараш имом-муфтии босавод Маҳмуд Қуръонро ҳифз кард. Аз «Чаҳор китоб» мазмун гирифт. «Иброҳим Адҳам» ва дигар қиссаҳои таърихиро аз бар намуд. Бо шеъру ғазалҳои Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Зебуннисо, Машрабу Сӯфӣ Оллоҳёр ошно гардид. Дар ибтидои солҳои 20_ум дар мактаби усули ҷадидӣ, ки бо ташаббуси олими маърифатпарвар Абдулғании Ҷавдат ташкил шуда буд, бори аввал бо устод Садриддин Айнӣ мулоқот кард. Аз сабақҳои пурмазмуни устод рӯҳ гирифта, ба шеъру шоирӣ майл пайдо намуд. Маҳз дар ҳамон солҳо бо шогирдони мактаби Абдуқодир Шакурӣ, ки дар ҳамсоягузари Шарбатдор воқеъ буд ва он ҷо Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳмон Эгамбердиев, домулло Ҷомеъ, Ҳабиб Аҳрориҳо таҳсил мегирифтанд, робитаи дӯстиву ҳамкориро пойдор кард. Бахусус, Болтақул мушоира ва сӯҳбатҳои адабиро бо Ҳабиб Юсуфӣ хеле хуш меписандид. Дар ин бора ӯ дар мақолаи «Ёди ҳамқалам»-и худ батафсил баён кардааст (ниг. Ҳабиб Юсуфӣ, «Сатрҳои нотамом», Душанбе, «Адиб», 1987, саҳ. 126, мураттиб Ҳ. Шодиқулов).
Маҳмуд Диёрӣ ва рафиқони ӯ аз шогирдони беҳтарини устод Айнӣ буданд. Онҳо зуд-зуд дар хонаи устод (ҳоло Хона-музейи Айнӣ) ҷамъ омада, маҳорати эҷодии худро сайқал ва дониши хешро дар мавриди шеъру шоирӣ такмил медоданд. Ин буд, ки дар солҳои 30—40_и асри ХХ Диёрӣ ва дӯстони эҷодкори ӯ дар муҳити адабии Самарқанд ҳамчун адибони ҷавони умедбахш ном бароварданд.
Маҳмуд Диёрӣ, ки дӯстдори бачагон ва олами беғубори онҳо буд, дар оғоз бисёртар барои кӯдакону бачагон шеъру таронаҳо эҷод кард ва маҷмӯаҳои шеъру ҳикояҳои «Занбӯри асал», «Шоҳини вафодор», «Гулрӯи оча», «Ғунчаҳои ҳаёт», «Бозингарак»-и худро аз чоп баровард. Ин китобҳоро хурдтаракон бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Чунки шеърҳои шоир бо забони соддаи бачагона навишта шуда, қаҳрамонҳои онҳо кӯдакони гаправу боинтизом мебошанд. Онҳо хурдтараконро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модар, гиромидошти арзишҳои миллӣ, пос доштани дӯстию рафоқат, меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекунанд:
Хушбӯй ҳамон гуле, ки корӣ,
Бо меҳнату меҳр дӯст дорӣ.
Ҳар фасл дигар мизоҷ дорад,
Ҳар моҳ дигар ривоҷ дорад.
Ҳар рӯзи баҳори оламоро,
Аз якдигараш бувад гуворо.
Ҳарчанд гулу гиёҳи худрӯй
Зебост, надорад ончунон бӯй.
Хушбӯй ҳар он гуле, ки корӣ,
Бо меҳнату меҳр дӯст дорӣ.

Дар эҷодиёти Маҳмуд Диёрӣ баробари шеърҳои бачагона, ғазал ва дигар шеърҳо низ мавқеи хос дорад. Дар онҳо ҳаёти мардуми деҳот, ватандорию ватандӯстӣ, ишқи поки инсонӣ, зебоиҳои табиат тараннум гардидаанд. Масалан, шоир дар шеъри «Меҳри Ватан» муҳаббати худро ба кишвар чунин рӯи коғаз овардааст:
Ватан, дил гашта аз меҳрат чароғон,
Хурушон аст шавқат мисли дарё.
Ба васфат бо фараҳ ҳастам ғазалхон,
Бувад ҳиссам зи атворам ҳувайдо.
Чу меҳрат манбаи илҳому ғайрат,
Бубахшад зӯри бепоён ба ҳар кор.

Шоир дар айёми пиронсолӣ ба дидани истиқлоли Ватани азизаш муяссар шуд. Ӯ истиқлолу озодии Ватанро бо хушнудиву сарфарозӣ истиқбол гирифт ва барои пояндагии озодиву тавоно гаштани Ватан мардумро ба дӯстиву бародарӣ даъват кард:
Эй чӣ хуш, айёми истиқлол шуд,
Давру даврони нав истиқбол шуд.
Зӯравониҳои зулм барбод рафт,
Ҳар азизе соҳиби иқбол шуд.
Ӯзбеку тоҷику қирғизу қазоқ,
Дар миёна Осиё шуд иттифоқ.

Диёрӣ, ки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, зуд-зуд дар ҳайати нависандагон ба сафарҳои эҷодӣ мерафт. Борҳо дар чорабиниҳои фарҳангӣ, рӯзҳои адабиёт, маҳфилу анҷуманҳои бошукӯҳ, ки дар Россия, Ҳиндустон, Абхазия, Эрон ва дигар кишварҳо баргузор гардидаанд, иштирок намудааст. Ӯ дар ин қабил сафарҳо, ки гоҳо ба муддатҳо тӯл мекашид, ёди Самарқанд мекард, ки чун маънии пахмонии зодгоҳ дар ин шеъри шоир хеле хуб ифода шудааст:
Нагирам дигар дида аз рӯи ту,
Нахоҳам дигар рафтан аз кӯи ту.
Самарқанд, боз омадам сӯи ту,
Машомам муаттар шуд аз бӯи ту,
Чу гул накҳати бӯи модар туро,
Таровидани рӯи модар туро.

Тавре дар оғози мақола ишора кардем, Маҳмуд Диёрӣ таърихнигор ва арабидони ботаҷриба низ буд. Ӯ забони арабиро хуб медонист. Хатҳои настаълиқ, кӯфӣ, мехӣ ва дигарро бе мушкилӣ мехонд. Аз ин ҷост, дар омӯхтан ва аниқ намудани навиштаҷоти обидаҳои таърихӣ ва санги қабри бузургон заҳмати зиёд кашидааст. Масалан, ӯ андешаи баъзе олимони таърихшиносро дар мавриди даргузашти Мирзо Улуғбек инкор карда, бо далелҳо исбот кард, ки шоҳ ва олим Мирзо Улуғбек бо амри писараш Абдулатифи нобакор дар канори рӯди Сиёб, назди деҳаи Заҳлики ноҳияи Самарқанд ба қатл расонида шудааст.
Инчунин, Маҳмуд Диёрӣ обидаи бузургеро, ки дар рӯ ба рӯи мазороти Хоҷа Абду Дарун қад афрохтааст ва мардум онро «Ишратхонаи Амир Темур» мегуфтанд, бо мақолаи «Ишратхона ё Ашратхона» исбот кард, ки он баъд аз 60 соли даргузашти Амир Темур аз ҷониби Ҳабиб Султон ном авлоди темуриён барои духтараш Давлатбека, ки бо касалӣ вафот кардааст, бунёд гардидааст. Бино ба нақли Маҳмуд Диёрӣ Ҳабиб Султон ба устоён фармудааст, ки ғайр аз дахма боз даҳ хонаи иловагӣ созанд. Ин бинои даҳхонагӣ ба забони арабӣ «ашратхона» мешавад. Яъне он обида «Ишратхона» не, «Ашратхона» аст.
Хулоса, Маҳмуд Диёрӣ дар ривоҷу равнақи муҳити адабии Самарқанд, инкишофи шеъру адаб ва илму ҳикмат, омӯхтани таърихи шаҳри куҳану ҳамешаҷавон, таҳкими адабиёти бачагона, ҳамзамон ба майдон омадани эҷодкорони ҷавону боистеъдод саҳми шоиста гузоштааст.

Ҳамза ҶӮРА,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон