Рекорди мутлақи тез хонданро сокини Киев Ирина Иванченко, ки дар вақти сабти ин рекорд ҳамагӣ 16 сола буд, гузоштааст. Вай дар як дақиқа 163333 калимаро хондааст! Дар баробари ин, духтар маънои хондаашро пурра фаҳмида, аз худ кардааст, ки ҳамаро ба ҳайрат мегузорад.
Романи дарозтарин, ки дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ҷой гирифтааст, «Дар ҷустуҷӯи замонҳои гумшуда»-и нависандаи фаронсавӣ Марсел Пруст аст. Асар дар ҳафт чилд аз соли 1913 то соли 1927 нашр шудааст. Ин роман тақрибан 1,3 миллион калимаро дар бар мегирад.
Аммо ин рекорд низ дигар шуд! Боз як нависандаи фаронсавӣ Луи Анри Жан Фаригул романи худро бо номи «Одамони некхоҳ» солҳои 1932–1946 аз чоп баровардааст. Нависанда дар бисту ҳафт ҷилд ҳаёти қариб чорсад персонажҳои гуногунро тасвир кардааст!
Машҳуртарин ва серфурӯштарин китоби ҳама давру замон, ин Инҷил аст! Ҳисоб кардани шумораи дақиқи нусхаҳои фурӯхташуда ғайриимкон аст, аммо статистикаи солҳои 1815–1999 нишон медиҳад, ки шумораи нусхаҳои фурӯхташудаи он тақрибан 3,88 миллиард нусхаро ташкил мекунад.
Дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ҳамчун нависандаи маъруфтарин бо асарҳои серхаридор маликаи ҳикояҳои детективӣ Агата Кристи қарор дорад. 78 романҳои детективии ӯ ба 44 забон тарҷума шуда, зиёда аз ду миллиард нусха фурӯхта шудаанд.
Пйесаи «Мушдорак»-и Агата Кристи, ки соли 1952 навишта шуда буд, аз рӯи шумораи спектаклҳо рекорди мутлақ гузоштааст. Дар тӯли 63 сол «Мушдорак» беш аз 23 ҳазор маротиба ба саҳна гузошта шудааст!
Хоҳарон Делани ҳамчун нависандагони куҳансолтарин дар китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шуданд: онҳо аввалин китоби худро вақте нашр карданд, ки яке 103 сола ва дигаре 105 сола буданд! Асари онҳо «Китоби ҳикмати ҳаррӯзаи хоҳарони Делани» ном дошт. Пас, ҳеҷ гоҳ аз ғоя ва орзуҳои худ даст накашед.
Нависандае, ки бо асарҳои навишта ва чопкардааш рекорд гузоштааст, ин Ҷозе Карлос Роки де Алпоим Инуэи бразилӣ мебошад. Ӯ 1046 романи фантастикӣ, вестерн ва триллерҳои худро дар байни солҳои 1986 то 1996 нашр кардааст.
Тарҷима ва таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА.
