Ovozi.uz

Коррупсия дар мактабҳо: бо он чӣ гуна бояд мубориза бурд?

“Ташаккули муносибати беамон бар зидди коррупсия дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ, пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ ва тақдими маълумотҳои ошкоро ба аҳолӣ”. Чунин унвон дошт мулоқоти кушоде, ки рӯзи 22-юми майи соли равон дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки вакилони Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҷонишини сарвари садорат Шокир Султонов дар бораи таъсири ҳолатҳои коррупсионӣ ба рушди ҷомеа, ришваситонӣ дар соҳаи таълим, чорабиниҳое, ки бобати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин иллати иҷтимоӣ амалӣ мегарданд маълумот дод.
– Новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ бобати мубориза бо коррупсия ва ташаккули муносибати шадид бо ин иллати иҷтимоӣ, боз ҳолатҳои коррупсионӣ мушоҳида мегарданд, — гуфт Ш.Султонов. – Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ дар сохтори таълими томактабӣ ва мактабӣ низ панҷ ҳолати ришваситонӣ ошкор шуд. Бино ба маълумоти коршиносон роҳи самарабахш ва таъсиргузори мубориза бо коррупсия ин таъмини ошкорагӣ ва шаффофӣ дар ҳар зинаи фаъолият мебошад. Маҳз бо мақсади таъмини шаффофии фаъолият ва пешгирии ин иллати иҷтимоӣ дар Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ садорати алоҳидаи мубориза бар зидди коррупсия ва назорати ҳуқуқӣ ташкил гардида, дар минтақаҳо ва ташкилотҳои сохтор шӯъбаҳои ҳудудии он таъсис ёфтанд. Ғайр аз ин, барномаи мубориза бар зидди коррупсия таҳия, нақшаи он тасдиқ ва дар амал ҷорӣ карда шуд. Инчунин, ба шартномаҳои меҳнат, ки бо кормандони муассисаҳои таълимӣ имзо мегардад, банди алоҳида дар бораи иштирок накардан дар ҳаракатҳои коррупсионӣ, сӯиистифода накардани мансаб дохил карда шуд.
Дар тадбир зикр гашт, ки ҳар як роҳбар, шахси мутасаддӣ, ки дар соҳаи таълим ба порагирӣ роҳ медиҳад, душмани тараққиёти мамлакат, ояндаи дурахшони кишвар аст.
Дар идома таъкид гардид, ки маҳз бо мақсади пешгирии коррупсия дар соҳаи таълим дар садорат телефони бовариноки (66) 238-88-00 гузошта шудааст. Инчунин, шаҳрвандон метавонанд аз рӯйи ҳолатҳои ришваситонӣ тавассути боти телеграмии sammmtb-bot муроҷиат намоянд. Ҳар як муроҷиат баррасӣ гардида, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар анҷом аз намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва волидон даъват карда шуд, ки бобати мубориза бар зидди ин иллати зараровари ҷамъият дар соҳаи таълим бо садорат ҳамкорӣ намоянд. Инчунин, дар чорабиниҳои “Занги охир” низ ба тавсияҳои Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ амал карда, харҷи барзиёд накунанд, аз тақдими тӯҳфаҳо ба омӯзгорон, гузаронидани чорабиниҳо ва ташкили сайёҳатҳо худдорӣ намоянд.

Ф.ЮЛДОШЕВ