Аз рӯи маълумоти хидмати Матбуоти Вазорати таълими мактаб ва томактабӣ қабули таҳсили соли 2024-2025 ба синфи 1-ум аз 20 -уми июни соли 2024 оғоз мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни қабул ду зина амалӣ мегардад. Мувофиқи нақша дар зинаи якум аз 20 -уми июн то 31 -уми июл дар доираи микроҳудуд, дар зинаи дуюм аз 1 -уми август то 15 -уми август дар ҷойҳои ғайр аз микроҳудуд амалӣ мегардад. Ҷараёни қабул ба синфи 1 -ум ба воситаи хизматҳои давлатии ноҳия ва шаҳрҳои муайяншуда дар шакли электрон қабул карда мешавад. Дар он, падару модарон метавоананд аз 20 -уми июн сар карда ба воситаи платформаи электронии my. maktab. uz аз рӯйхат гузашта, ариза супоранд. Дар минтақаҳое, ки хизмати давлатӣ нишон дода намешавад, донишомӯзон ба воситаи сохтори электронии (adm. maktab. uz) дохил карда мешавад.барои маълумот бояд гуфт, ки мувофиқи қонун «Дар бораи таълим» бачаҳои ба синни 7 қадаммонда, то 31 -уми декабри соли 2017 ба мактаб қабул карда мешавад.
Қабули таҳсил ба синфи 1 аз 20-уми июн оғоз мегардад
