Тавре хабар доред, рӯзи 5_уми июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Шайх Нуриддин Холиқназар тавассути телефон мулоқот намуда, таъкид карданд, ки ҳоҷиҳо баъди ба Ватан баргаштан бобати мустаҳкамсозии муҳити меҳру оқибат дар ҷамъият, мубориза алайҳи ҷаҳолат бо маърифат саҳм гузошта, дар тарбияи ҷавонон ва мустаҳкамсозии оилаҳо намунаи ибрат гарданд.
Имрӯзҳо дар маърака ва маросимҳои истиқболи ҳоҷиҳо аксар шаҳрвандони мо меъёрҳои диниро вайрон карда, ба тамоюли «ман аз вай зӯртар» амал мекунанд. Ба амалу рафтори баъзеҳо назар кунем, пай бурдан душвор нест, ки корҳои иҷронамудаи онҳо ба ягон меъёр мувофиқат намекунад. Зеро, «исроф ва дабдабаҳо — душмани тараққиёт».
Бо дарназардошти ин, мехоҳам дар бораи ду ҷиҳати асосии мулоқоти телефонии Сарвари давлатамон бо раиси Идораи мусулмонон изҳори назар кунам.
Якум, ташаббусе, ки муфтӣ Шайх Нуриддин Холиқназар ба миён гузоштанд, яъне, ғояи ба ҷойи ҳоҷитӯйҳо бахшидани шодмонӣ ба 150 ҳазор хонадон. Воқеан, дар кишварамон ва ҷаҳон инсонҳои ба кӯмак ниёзманд ҳастанд. Инсонҳое, ки молу сарвати фаровон доранд, агар давлати худро дуруст истифода баранд, ба ҷойи исроф ба корҳои барои халқ манфиатовар ё баҳри ёрирасонӣ ба одамони мӯҳтоҷ сарф намоянд, ҳам баракаи молашон меафзояд, ҳам ҷамъият рушд мекунад ва ҳам барои авлоди ҷавон намунаи ибрат мегардад.
Дуввум, ҳоҷиҳо якдилона ташаббуси накӯро ба миён гузошта, аҳд карданд, ки баъди ба Ватан баргаштан чун фидокорони Ӯзбекистони Нав, «тарғибгарони маънавият» хоҳанд шуд. Дар ҷамъомади васеи Шӯрои Маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, ки 22_юми декабри соли 2023 доир гардид, Президенти мамлакатамон таъкид карданд, ки «Зиёиён, нурониён, ҳамватанонамон, ки ба Ҳаҷ ва Умра рафта омадаанд, бояд тарғибгарони маънавият гардида, одамонро ба накӯкорӣ ҳидоят намоянд».
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳои муборак понздаҳ ҳазор ҳамватанони мо дар зиёрати Маккаву Мадина барои кишварамон тинҷӣ, баҳри авлоди оянда баркамолӣ хоста, тоату ибодат мекунанд. Ҳамватанонамон баъд аз бозгаштан вазифаи пурмасъулиятии ба муросо овардани оилаҳои нотинҷи маҳаллаҳо, роҳнамоӣ ба навонадоронро ба ӯҳда мегиранд. Дар ҷамъомадҳои умумӣ дар бораи таассуроти зиёрати худ ҳарф зада, мардумро ба дину диёнат даъват мекунанд.
Албатта, мо, тарғибгарони маънавият дар иҷрои чунин корҳои шоиста, бо ҳоҷибобову ҳоҷибибиҳо ҳамроҳ хоҳем шуд.
Дилшод ИСМОИЛОВ,
роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ
