Тадбири мурувватие, ки аз ҷониби шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти ногироёни Ӯзбекистон ва Бунёди ҷамоатии назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят барои вакилони оилаҳои ногироидошта, камбизоат ва бачаҳои филиали иттиҳоди «SOS O’zbekiston Bolalar Mahallalari»-и Самарқанд ташкил гардид, хотирмон гузашт.
Он таҳти шиори «Ӯзбекистон — мамлакати фарохдил» гузаронида шуд. Нафароне, ки ба тадбири хайриявии мазкур иштирок намуда, ба сухан баромаданд, роҷеъ ба қадри инсон дар ин хоки муқаддас, шараф будани хизмат ба Ватан ҳарф заданд.
— Одамони инсонпарвару саховатпешаамон барои бачаҳои мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ, ногироидошта ва дур аз нигоҳубини волидайн тадбири хайриявии хуб ташкил намудаанд, — гуфт Дилрабо Давронова, директори филиали вилоятии иттиҳоди «SOS O’zbekiston Bolalar Mahallalari». — Мо ҳам бо аъзоёни иттиҳодамон дар ин тадбир иштирок менамоем. Давлатамон ба тамоми бачаҳои бепарастор то қадри имкон эътибор медиҳад, чунки онҳо ҳамеша ба меҳри падару модар мӯҳтоҷанд. Одамони саховатпеша низ доим барои ин норасоиро эҳсос накардани бачаҳо кӯмак мерасонанд. Ин меҳру муҳаббат дар бачаҳо ҳисси боварӣ ба худро зиёд мекунад ва дар оянда барои яке қисме аз кадрҳои муҳимми давлатамон шудани онҳо сабаб мешавад.
Тадбир дар баробари ташкили дастархони идона, бо рақсу суруди санъаткорони вилоят боз ҳам зеботар гузашт.
Тадбири хайриявӣ гузаронида шуд
