«Садои тирҳоро шунидам ва ба самти саҳнаи суханронӣ давидам. Маъмурони хизмати махфӣ аз ҳар тараф ба сӯи Трамп меомаданд ва талош мекарданд, ки даври ӯ ҳалқа бизананд. Ман ба самти баромади саҳнаи суханронӣ рафта, ба аккосӣ шурӯъ кардам.»
Аксе, ки тавассути Эван Вуччи, аккоси агентии хабаргузории The Associated Press дар лаҳзаҳои пас аз суиқасд ба ҷони президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирифта шудааст, лаҳзаи таърихӣ ва нодирро ба тасвир мекашад: Доналд Трамп бо мушти гиреҳкарда дар ҳоле, ки чанде пеш тире гӯшашро харош дода буд, осмони кабуд ва парчами Амрико дар пасманзари тасвир, инчунин чеҳраҳои маъмурони хизмати махфии ИМА…
Вуччи ки аз замони номзадии Трамп хабарҳои марбут ба ӯро чоп мекунад ва дар соли 2020 барои аксе аз эътирозоти пас аз марги Ҷорҷ Флойд барандаи ҷоизаи Пулитсер шудааст.
Вуччи мегӯяд, ки дар он лаҳза танҳо ба сабти беҳтарин тасвири мумкин фикр мекард. Камераи ӯ ба як ҳот-спрт (Wi-Fi) пайванд буд ва аксҳо ба таври худкор ба сардабир ирсол мешуданд. Сардабир ба ӯ гуфта буд, ки ҳарчӣ метавонад акс бигирад ва бифиристад.
Пас аз хуруҷ Трамп бо мошини махсус, Вуччи ва аккосони дигар ба дохили як чодир бурда шуданд, ки дар он мавҷи телефон қатъ буд. Ҳудуди 45 дақиқа баъд, вақте Вуччи вориди як паркинги холӣ шуд, акси худро бори аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ дид.
Ин акс на танҳо лаҳзаи таърихиро сабт карда, балки нишондиҳандаи қудрат ва таъсиргузории аккосии хабарӣ дар сабту интиқоли эҳсосот ва воқеъият ба мухотабон аст.
Манбаъ: parsi.euronews.com
