Ovozi.uz

Далелҳои аҷиби тиббӣ

Дар соҳаи тиб низ мисли дигар соҳаҳои фаъолият, чизҳоеро метавон пайдо кард, ки на танҳо ба як гурӯҳи хурди мутахассисони ин соҳа, балки ба доираи васеи одамон шавқоваранд. Воқеаҳои ғайримуқаррарӣ, рӯйдодҳои мароқангез, бемориҳои камёб, амалиётҳои нодир ва ғайра аз ҷумлаи махсусиятҳои тиббанд. Мехоҳем, дар ин гӯша шуморо низ бо якчанд далели аҷиби тиббӣ шинос намоем.

  1. Баландтарин ҳарорати бадан 10 июли соли 1980 дар Уилли Ҷонси 52 сола ба қайд гирифта шудааст, ки ӯро гармо зада буд. Ӯ дар беморхонаи «Грейди Мемориал»-и Атланти иёлоти Ҷорҷияи ИМА бистарӣ гардид ва дар ҳамон ҷо ҳарорати рекордии бадан, 46,5°С ба қайд гирифта шуд. Беморро танҳо баъди 24 рӯз аз беморхона ҷавоб доданд. Ҳолати баръакси ин воқеа низ вуҷуд дорад: 23 феврали соли 1994 дар духтарчаи 2-солаи канадагӣ, ки тӯли 6 соат дар ҳавои сард буд, пасттарин ҳарорати бадан — 14,2 °C сабт шудааст.
  2. Моҳи июни соли 1927 аз меъдаи зани 42-солае 2533 ҷисми бегона, аз ҷумла, 947 сӯзани бандак пайдо карда шуд. Ӯ танҳо аз дарди нороҳаткунадае дар шикам шикоят дошт. Пештар аз ин, 30-юми марти соли 1895 табибон дар яке аз беморхонаҳои Британияи Кабир аз шиками духтари 20-солае тӯдаи мӯйро берун оварданд, ки 2,35 кг. вазн дошт. Ахиран, хабари ҳайратовари тиббие, ки дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ин моҳи январи соли ҷорӣ пайдо шудани 16 сӯзан аз бадани кӯдаки 11-моҳае дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Модари тифл бо шикояти ин ки фарзандаш аз табу бехобӣ ранҷ мекашад, ба табибон муроҷиат кард. Ташхиси рентгенӣ нишон дод, ки дар бадани кӯдак 16 сӯзан дар қисматҳои алоҳида: гардан, сутунмуҳра, қафаси сина, рӯдаҳо, масона ва зери дил ҷой доранд. Тӯли ҷарроҳии 9-соата 13 сӯзан берун кашида шуд, аммо табибон бо дарназардошти синну соли кӯдак 3 сӯзани дигарро барои ҷарроҳии баъдина боқӣ гузоштанд.