Ovozi.uz

Қабули сайёр саргардониҳоро кам мекунад

Боғи «Ватанпарвар»-и шаҳри Самарқанд ҳангоми қабули сайёри ҳокими вилоят бозҳам серодамтар мешавад. Ин дафъа ҳам ҳамин тавр шуд. Қабул дар шаҳр гузаронида шуда бошад ҳам, ба он аз ҳамаи ноҳияҳои вилоят вакилони аҳолӣ ташриф оварданд.
Бино ба суханони муроҷиатчиён, ба туфайли ин гуна қабулҳои сайёр онҳо дигар дар ба дари ташкилотҳо нагашта, аз саргардонӣ халосӣ меёбанд ва онҳо бо роҳбари ташкилот ё корхонаи давлатии зарурии худ дар қабули сайёр мулоқот карда, арзи худро мерасонанд.
Ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, роҳбарони секторҳо, ҷонишинҳои ҳокими вилоят, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва мудирони қабулхонаҳои халқ якҷоя гӯш дода, роҳи ҳалли онҳоро муайян намуданд.
Аз ҷумла, сокини маҳаллаи Урганчии ноҳияи Самарқанд Толибҷон Набиев дархост намуд, ки роҳи қабристон мумфарш карда шавад. Мутасаддиён ба ӯ гуфтанд, ки ҳоло ин гуна корҳо тариқи «Буҷети ташаббускор» амалӣ мешаванд, вале ба ин нигоҳ накарда, мутахассисон ба қабристон рафта, ҳолати роҳҳои онро меомӯзанд ва агар лозим бошад, онҳоро мумфарш мекунанд.
Ба қабул сокинони бинои 9-уми кӯчаи Ғулом Каримови шаҳри Самарқанд роҷеъ ба муаммоҳои таҳхонаи бино ташриф оварданд. Ба ташкилотҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ба манзили мазкур рафта, муамморо дар ҷояш омӯзанд ва ҳал кунанд.
Шаҳрванд Қодир Анваров ба ҳокими вилоят муроҷиат намуд, ки дар ноҳияи Ҷомбой бо 15 нафар барои кушодани хоҷагии деҳқонӣ тариқи ауксион замин харида, вале ҳанӯз заминро гирифта натавонистааст. Барои ҳалли муаммоҳои ин ҷавон низ ба мутасаддиёни дахлдор супоришҳо дода шуд.
Шикоятҳои шаҳрвандон гуногун буда, бештари онҳо мавзӯъҳои хонаву ҷойи бепул, ёрии моддӣ, нерӯи барқ, алимент, шуғл ва ҷараёнҳои судро фаро гирифтанд.
Баъзе муроҷиатҳо рад ҳам карда шуданд. Мисол, шаҳрванде дархост кард, ки барои ба Англия рафтани ӯ виза диҳанд. Ин дархости ӯ пазируфта нашуд. Зану шавҳаре, ки пештар барои табобати фарзандонашон ёрӣ гирифта буданд, акнун барои тӯйи фарзандонашон кӯмак хостанд, ки ин талаб низ рад гардид.
Ба муроҷиатҳои омада дар худи ҳамон ҷо ҳал ҷуста шуд. Баъзе муроҷитаҳо бошад, барои тафтиши дубора ба назорати ҳокимияти вилоят гирифта шуданд. Муроҷиатҳое, ки ба ваколати ҳокими вилоят намедароянд, ҳамон замон рад гардиданд.