Шифохонаи табиат
Ноки пухта барои рафъи фишори равонӣ, мӯътадил сохтани фишори хун, ба сифати пешоброн давои беҳтарин аст. Ду дона нокро баъди хӯрок хӯред, зардаҷӯшро фаромӯш мекунед. Хӯрдани нок ҳангоми иллати ғадуди зери меъда, фарбеҳӣ, бемории қанд тавсия дода мешавад. Нокро пухта хӯрдан ва аз он хӯриш тайёр кардан мумкин аст. Дар таркиби нок моддае мавҷуд аст. ки табъро хуш, фишори руҳиро рафъ карда, ба тан қуввату мадор мебахшад.
Ҳангоми бронхит ё туберкулёз ноки обпаз ё пухта ниҳоят муфид асту оби дар он ноки хушк ҷӯшонидашуда сулфаро табобат, бемории санги пешобдон ва илтиҳоби роҳҳои пешоббарорро сабук месозад, ҳамчунин истеъмоли нок ҳангоми бемориҳои рагҳои хунгард тавсия дода мешавад. Барги дарахти нок низ табобатӣ буда, моддаи зидди замбӯруғӣ дорад. Барги дар об ҷӯшонидаи нок ҳангоми дерматат ва бемориҳои замбӯруғии пӯст давои бемисл аст.
Нокро ҳазорсолаҳо барои табобати простатит дар тибби мардумӣ истифода мебурданд. Аллакай баъди чанд рӯзи нӯшидани компоти нокӣ фойданокиаш дарҳол маълум мегардаду истеъмоли дурударози он мардро табобат мекунад. Агар мард аз 50-сола боло бошад, бояд барои зимистон ноки хасакӣ (кӯҳӣ)-ро захира намояду то баҳор компоти нокӣ нӯшад. Ин на танҳо табобат, балки пешгирӣ аз беморӣ мебошад.
Ба нафарони бемориҳои меъдаву рӯдадошта нок метавонад зарар расонад. Ноки тару тоза меъдаро вазнин месозаду ноки ҷӯшонида ё пухташуда меъдаро табобат мекунад.
Ҳангоми истеъмоли нок бояд донед:
- нокро дир шиками гурусна хӯрдан, аз болои нок об нӯшидан ва баъди он гӯшт хӯрдан мумкин нест;
- нокро баъди 30 дақиқаи хӯрокхӯрӣ истеъмол намоед;
- пиронсолони аз 70-сола боло бояд танҳо ноки мулоиму обдор. Хубаш, камн дар тафдон пухтаро истеъмол намоянд, то ки меъдаашонро аз дард муҳофизат карда бошанд.
