Ovozi.uz

Табрик ё таҳқир?

Боварӣ дорам, ки вақте мо навори тӯйҳои пештараро мебинем, дар дили аксарият ҳаваси баргаштан ба он рӯзҳо ё ҳамон тавр гузаронидани тӯйҳои имрӯза пайдо мешавад. Сурудҳо бо овози зинда, рақсҳои миллӣ, табрикҳои самимӣ ва шеърхониҳои бамаънӣ. Афсӯс… Имрӯзҳо қариб ки ҳеч кас барои шунидани шеъру сурудҳои бамаънӣ ба тӯйҳо намеравад. Тӯйҳо аксаран бо тақару туқури сурудҳое, ки аслан маънои дуруст надоранд, рақсҳои аҳмақонае ба мисли худларзонӣ ва ҷаҳида-­ҷаҳида рақс кардан, як-ду сухани табрикии ихтиёрӣ-­маҷбурӣ паси сар мешаванд.
Дар ин бора гап занем — гап бисёр. Вале нуктаи асосӣ, ки мехоҳам баррасӣ намоям, иллати сухани табрикии ҳамсинфон ва ёру бародарони домод мебошад, ки мо дар тӯйҳо мешунавем. Дар бисёр тӯйҳо даҳ-понздаҳ нафар ҳамсинфони домод ба саҳна баромада, қатор меистанд ва ҳар яке сухани табрикӣ мегӯяд. Вақтрабоии онҳо дарди бахайр, вале қариб ним соататон талаф шаваду як сухани табрикии бамаънӣ, як шеъри дуруст нашунавед, аламовар аст. Ба ҷои он, ки ба келину домод бахту саодат, хушнудиву комгорӣ талабанд, суханони беҳуда, маҳрамона, дурушт, фаҳш ва ҳоказоҳоро мегӯянд, ки ба шаъни домод, ҳаёву ибои келин дуруст ва ба самъи ҳозирин хуш намеояд. Ягона шеъре ҳам, ки аз забони онҳо садо медиҳад
Ширин шавад, шакар шавад,
Аввалинаш писар шавад…
ё мисраи дуюм ба зайли «Аввалинаш духтар шавад» мебошад. Ростӣ, ба назари банда, ин гуна табрик бештар ба таҳқир шабоҳат дорад.
— Хеле вақт боз бо ин иллати ҷавонон мубориза мебарам, — гуфт ровии маъруф Аъзам Лутфуллоев. — Вақти сухандонӣ дар тӯйҳо пеш аз сухани табрикӣ аз ҷавонон хоҳиш мекунам, ки аз доираи адаб берун нараванд. Ҷавононе ҳам ҳастанд, ки суханронӣ ва шеърхонии хуб мекунанд, вале шумори онҳо хеле кам аст. Аксарияти ҳамсинфону ҷӯраҳои домод дар табрикоти худ ҳарфҳои бемазаву каммаъно, ба мисли «аз пага телефоната бардор», «телефоната кушта намон», «кӯча буромда исто», «намида исто», «аз пага аку духтарбозӣ тамом шуд» ва ҳоказоҳоро мезананд.
Ҳарчанд, суханони табриккунанда зоҳиран ба таҳқиру пастзании домод равона карда мешаванд, вале бояд гуфт, ки суханони онҳо, зимнан, ҳамчун ҳазлу шӯхӣ баён мегарданд. Аммо ҳазл ҳам дар доираи одоб бошад беҳтар.
— Фикр мекунам, ба ин гуна бархӯрд кардани ҳамсинфон худи домодҳо ҳам айбдор мебошанд, — гуфт сокини маҳаллаи Галаосиё Д.Турдиқулзода. — Домоде, ки дар тӯйи дигарон ҳамин гуна рафтор ва шӯхии таҳқиромез кардааст, дар тӯйи худ ҳам аз дигарон ҳамин муомиларо мебинад. Беҳтараш ҷавонон байни худ созиш ва дар тӯйи якдигар боадабона рафтор кунанд.
Бале, касе ки дигаронро тамасхӯр мекунад, худ низ пеши дигарон хандахариш хоҳад шуд. Беҳуда нагуфтаанд:
Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.