Ovozi.uz

Дар Самарқанд анҷумани байналмилалӣ оғоз ёфт

Рӯзҳои 10-11-уми октябр дар шаҳри Самарқанд конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи «Мирзо Улуғбек — олими бузурги қомусӣ ва арбоби маъруфи давлатӣ» баргузор мегардад.

Тибқи қарори Сарвари давлатамон аз 12-уми сентябри соли ҷорӣ, дар кишварамон 630-солагии таваллуди олими бузурги қомусӣ ва арбоби маъруфи давлатӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Бо мақсади иҷрои ин қарор иштирокчиёни анҷумани мазкур, ки аз ҷониби Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо, Академияи фанҳои Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Самарқанд ташкил гардидааст, даставвал ба расадхонаи Мирзо Улуғбек рафта, ба пои ҳайкали алломаи бузургамон гул гузоштанд.

Ҳоло конфронс дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов кори худро оғоз кард. Дар он намояндагони даҳ давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд.