Бо ташаббуси ёру дӯстон, хешу пайвандон дар мактаби варзиши рақами 1‑и шаҳри Самарқанд бахшида ба 85-солагии устоди варзиш, мураббии номдор, ҳаками байналхалқӣ Абдуазиз Абдуҳамидов мусобиқаи кушодаи муштзанҳои наврас баргузор гардид.
Ташкилотчиёни тадбир дар ҷои намоён расми соҳибҷашнро гузоштаанд. Шахсоне, ки вайро аз наздик мешинохтанд ва ё риштаи дӯстӣ доштанд, чанд лаҳза сӯяш дида дӯхта, афсӯс мехӯранд, ки ӯ ҳоло дар байни мо нест.
Зеро марги нобаҳангом ӯро дар айни камолоти умр — 58-солагӣ аз байни мо рабуд, вале хотири некаш ҷовидон монд. Дар мусобиқа варзишгарони Қароқалпоқистон, Қашқадарё, Сирдарё, Навоӣ, Намангон ва вилояти мо иштирок намуданд.
Абдуазиз соли 1940 дар шафати майдони Регистон, гузари Масҷиди кабуд таваллуд ёфта, ба варзиш дилбастагӣ дошт.
Бинобар ҳамин аз наврасӣ ба маҳфили бокс рафт ва сипас дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои фахрӣ насибаш гашт.
Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи рақами 21‑уми ноҳияи Сиёб, шомили Донишкадаи давлатии варзиши Тошканд шуд.
Абдуазиз Абдуҳамидов соли 1962 фаъолияти меҳнатияшро ҳамчун мураббии клуби «Динамо»-и шаҳри Самарқанд оғоз намуд. Баъди се сол ӯ директори мактаби махсуси ихтисосонидаи бокс шуд. Навоварӣ, ташаббускорӣ, қатъият ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯро ба ҳисоб гирифта, роҳбари мактаби олии маҳорати варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин карданд. Соли 1973 унвони ҳаками байналхалқӣ гирифта, дар бисёр мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзид.
Аз ҷумла, соли 1974 дар пойтахти Куба чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор шуд, ки вай бо чаҳор нафар вакилони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ба Гавана омад. Ҳамон сол намояндаи Тошканд Руфат Рисқиев чемпиони ҷаҳон шуд.
Инчунин ҳамватани мо дар бозиҳои олимпӣ, байналхалқӣ, ҷумҳурӣ низ ба дараҷаи олӣ ҳакамӣ кардааст.
Сад дареғо, ки вай соли 1998 аз сактаи дил чашм аз олами ҳастӣ пӯшид ва дар қабристони Чиғатойи Тошканд турбати ӯро ба хок супурданд. Чанде пеш ҳамсараш Муҳаббатхола низ вафот кард.
Се нафар фарзандон ва қариб 10 нафар наберагон ворисони муносиби сулолаи Абдуҳамидовҳо мебошанд.
Сӯзад аз баҳри ту ҷону ҷигарам…
— Мо, фарзандон ҳар гаҳ ёди падари бузургворам мекунем, — бо ҳасрат гуфт писари ягонааш Темурҷон. — Рости гап, дар Самарқанд гузаштани тадбири пуршукӯҳи хотирнишонро шунида, ниҳоят хушҳол гардидем. Шогирдони бешумор, дӯстони бовафо ёди неки падари бузургворамро кардаанд. Аз фурсат истифода бурда ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ изҳор мекунем.
— Устодамон Абдуазиз Абдуҳамидов инсони хоксору росткор, дилёбу дарёдил ва ба мо, шогирдон ниҳоят ғамхору меҳрубон буданд, — иброз дошт собиқадори бокс, раиси Федератсияи байдаркаронӣ ва каноэ Ӯктам Саидмуродов. — Солҳои 70–80-уми асри гузашта дар Самарқанд Абдуазиз Абдуҳамидов, Виктор Ким, Анатолий Панарин барин мураббиён мактаби хоси худро бунёд карда буданд, ки шогирдони эшон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ, Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ҷойгоҳи фахрӣ насибашон мешуд. Додарон Александр ва Николай Анфимовҳо, Марат Габриелов, Муртазо Ҷунайдов, Фарҳод Аноров, Сироҷиддин Сатторов, Саттор Назаров, Игор Коржаманов, Михаил Ягудаев ва дигар варзишгарони Самарқандро дунё мешинохт.
Сад дареғо, ки шӯҳрати мактаби бокси мо коҳиш ёфта, дар Андиҷон, Сурхон, Бухоро ривоҷу равнақ меёбад.
Боз як гап. Раҳматӣ Абдуазиз Абдумаҷидович ба мо на танҳо сирру асрори муштзанӣ, инчунин фазилатҳои ҳамидаи инсониро низ ёд дода, ҳар ҳафта рӯзномаи шогирдонро аз назар гузаронида, ҳатто аз падару модарон мепурсиданд, ки одобу ахлоқи мо чӣ гуна аст.
Таълиму тарбияти устод буд, ки аксарияти шогирдони ӯ ба воя расида, ба халқу Ватан хизмати шоиста мерасонанд.
— Илоҳӣ рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод, шодравонам амаки Абдуазиз Абдуҳамидов барои хешу пайвандон низ ғамхору меҳрубон буданд, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд яке аз собиқадорони варзиш, ҷонишини раиси амини гузари Масҷиди кабуд Абдукарим Абдуғаниев. — Гарчанде амакам хеле барвақт аз байн рафтаанд, вале ҳеҷ кас фаромӯш накардааст. Далели раднопазир ташкил кардани мусобиқаи пуршукӯҳ ба хотири некашон аст. Албатта ман аз фурсат истифода бурда ба шогирдони вафодори ӯ — фахриёни бокс Абдулло Сафаров, Собирҷон Бобоҷонов, Файзулло Зиёев, Ӯктам Саидмуродов, Қобил Сатторов, Рустам Насимов, Абдулло Мансуров, Рустам Алиев, Эргаш Ҳакимов, Холмурод Ҳасанов ва дигарон арзи сипос мегӯям, ки вақти хешро дареғ надошта, дар анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ва варзишӣ ширкат варзиданд.
Таъкид намуд, ки дар мусобиқоти ҷумҳурӣ 15 нафар дар вазни худ ғолиб дониста шуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои кумитаи варзиши шаҳри Самарқанд сарфароз гардидаанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
