Ovozi.uz

Зинаҳои омодагӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва гузаронидани он

Маълумоти боэътимод дар бораи шумораи аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва некӯаҳволии он, дурнамоии дарозмӯҳлат ва ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии давлат, коркарди ҷойҳои кории нав ва дастури таъмини шуғли аҳолӣ, шакл додани индикаторҳои Мақсадҳои миллии рушди барқарор, ҷойгиршавии ресурсҳои меҳнат ва омӯхтани ҷараёни истифодабарии он барои бурдани тадқиқотҳои илмӣ пойдевори асосӣ ба ҳисоб меравад.
СММ бо такя ба резолютсияи худ аз 10‑уми июни соли 2015 «Тавсия ва принсипҳо бобати ба рӯйхатгирии хонаву ҷой ва аҳолӣ дар соли 2020» дар доираи барномаи ба рӯйхатгирии фонди хонаву ҷой ва аҳолии тамоми давлатҳои аъзои рӯи дунё дар соли 2020, дар ҳоли ба инобат гирифтани тавсияҳои ҳудудӣ ва умумихалқӣ, ки ба рӯйхати фонди хонаву ҷой ва аҳолӣ таалуқ доранд, ба таври қатъӣ ба гузаронидани рӯйхатгирии хонаву ҷой ва аҳолӣ даъват мекунад.
Барӯйхатгирии аҳолӣ маҷмӯаи маълумотҳои демографӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиест, ки ба ҳамаи одамони дар кишвар истиқоматкунанда алоқа доранд ва умумикунонӣ, баҳодиҳӣ, таҳлилнамоӣ ва ҷараёни эълон кардани онҳо буда, манбаи асосии маълумотҳои аҳолӣ ба шумор меравад ва он нишондиҳанда барои ривоҷи дурнамоии аз 10 то 30-солаи ҳисобкунии пойдевори боваринок мебошад ва имкон медиҳад, ки барои қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунӣ оид ба рушди минтақаҳо ва кӯмак ба қишрҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири ҷомеа имкони дастрас намудани маълумоти заруриро диҳад. Оиди гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ аз таҷриба ва тавсияҳои давлатҳои хориҷӣ баромада, се зинаи тайёрӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва гузаронидани онро дар бар гирифта, дар доираи онҳо зина ба зина, инчунин, дар як вақт гузаронидани чорабиниҳо муайян карда шудааст.
Дар зинаи аввал (дар муддати 3 сол) ташкил намудани барӯйхатгирии аҳолӣ, тамоилҳои он, асосҳои услубӣ ва масъалаҳои ба тартиб андохтани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию нормативӣ, муайян кардани манбаҳои молиягузорӣ таҳия карда мешаванд.
Дар зинаи дуввум (дар муддати аз 10 то 60 рӯз) барӯйхатгирии аҳолӣ бевосита амалӣ мегардад, яъне дар хусуси аҳолӣ маълумот ҷамъ карда мешавад, назорати санҷишӣ гузаронида, материалҳои барӯйхатгирии аҳолӣ супорида мешавад.
Дар зинаи сеюм (дар муддати аз 3 моҳ то 3 сол) коркарди такрории маълумотҳои аввалини барӯйхатгирии аҳолӣ аз тарафи сохторҳои ихтисосонидашуда дохил кардани маълумотҳои аввалин, код гузоштан, таҳрир ва назорат кардан, ба даст овардани натиҷаҳои ибтидоии ба рӯйхатгирии аҳолӣ, эълон кардани натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, тақсим кардан ва монанди инҳо ба амал бароварда мешаванд.

Ф.ЭШОНҚУЛОВ,
котиби матбуоти Садорати омори вилояти Самарқанд.