Гармдору
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар якум хушк аст
- Ҳар рӯз як дирам занҷабили кӯфтаро бихӯранд, сардии асабҳоро дафъ мекунад.
- Ҳар рӯз як дирам занҷабилро кӯфта бихӯранд, ташнагии балғамиро таскин медиҳад.
- Занҷабилро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро нест мекунад.
- Ҳар рӯз як дирам занҷабилро кӯфта бихӯранд, балғам ва рутубатҳои ғализро ба сатҳи меъда часпидаро дур мекунад.
- Ҳар рӯз як дирам занҷабилро кӯфта бихӯранд, даруни шахшударо мулоим мекунад.
- Занҷабилро кӯфта, ба варамҳои балғамии сарди вабоӣ гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад.
- Занҷабилро кӯфта, ба ҷоҳои дардноки бадан, ки боиси дард сардӣ бошад, гузошта банданд, дардро таскин медиҳад.
- Ҳар рӯз ду дирам занҷабилро кӯфта бихӯранд, кирмҳои меъдаро мерезонад.
- Як дирам занҷабил моддаи ғафс ва рутубатро аз мағзи сар хориҷ мекунад.
- Занҷабилро бо зардаи тухми нимпухта бихӯранд, маниро зиёд мекунад.
- Ду дирам занҷабилро кӯфта бо набот бихӯранд, рутубати меъдаро дафъ мекунад.
- Ҳар рӯз як дирам занҷабил бихӯранд, бодҳои ғализи рӯдаҳоро таҳлил медиҳад.
- Занҷабил аз рӯ гузошта банданд, бавосири бодиро дафъ мекунад.
- Занҷабилро монанди гард соида, чун сурма ба чашм кашанд, сабал – пардаи чашмро даф мекунад.
- Ду дирам занҷабилро бихӯранд, заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад.
